10 Май 2015
Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Акси садои он рӯзҳои пурталотум, он набарди ҳаёту мамот ҳар қадар ба саҳифаҳои таърих дохил гардад, шаҳомату бузургии он ҳамон қадар барҷастатар аён мегардад. Ёди он айём дар мағзмағзи қалби онҳое, ки дар майдони ҳарб сина сипар кардаанд ё дар ақибгоҳ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта Ғалабаи бузургро наздик кардаанд, абадӣ ҷой гардидааст.
Ҳамшаҳриёни азиз! Ҳамаи шумо ва собиқадорони ҷангу меҳнатро ба муносибати Иди Ғалаба табрик гуфта, бароятон фазои ҳамешагии сулҳу оромӣ ва саломативу сарбаландиро хоҳонам. Тавре Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:
"Мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем".
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лиҳози вусъату андоза вазнинтарин, хуншортарин ва даҳшатноктарин дар таърихи инсоният буд.
Дар он беш аз 70 давлат иштирок кардааст. Набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтааст. Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион афсару сарбоз сафарбар шуда буданд. Талафоти умумӣ ба 55 миллион нафар расид.
9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳу мутараққии ҷаҳон Иди Fалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашизм ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.
Ҳамаи онҳо дар қалбу хотираи халқи мо ҳамчун фарзандони далеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд. Аз ин рӯ, ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби муҳаққиқон на танҳо ҳамчун ғалабаи ҳарбӣ, балки чун пирӯзии бузурги маънавӣ низба қалам дода мешавад.
Диловарию қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматҳои созандаи мардуми ақибгоҳ барои насли имрӯз ибратомӯз аст.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи собиқадорон ва ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушиқболӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.
Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамшаҳриёни азиз!