25 Ноябр 2018
Таҳти раёсати Прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Сафаралӣ Самизода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳуқуқи шаҳр бо иштироки аъзо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисон ва заминсозони ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид.
Дар Шӯро масъалаи ҳолати иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ин самт, фаъолияти бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр дар давраи соли 2017 ва нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Доир ба масъалаҳои баррасишуда ёрдамчии прокурори шаҳр Зафар Хизматуллозода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Муҳаммадҷон Тошматов, раиси кумитаи заминсозии шаҳр Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов иттилоот доданд.
Дар интиҳои ҷаласа доир ба масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул ва масъулин муваззаф карда шуданд.