19 Май 2015
Имрӯз, 19 май дар маҷмаи варзишии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ»-и шаҳри Қайроққум мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба футболи хурд бо иштироки тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз ёфт.
Чорабинии мазкури варзишӣ дар доираи чорабиниҳои 30 - Рӯзи ҷавонӣ бо иштироки 200 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардида, он барои рушду инкишофи футболи хурд мусоидат менамояд.