Матни равон

М. Садриддин аз симои наҳзатии расонаӣ акнун ба симои ифротии имусоҳибавӣ табдил ёфтааст ва ин навъи чеҳранамоии ўро дар мусоҳибаи ахиран дар пойгоҳи иттилоотӣ ва таҳлилии Сайидюнус зери унвони  “Ӣукумат тафовути зиёде бо ДИИШ  надорад”) интишорёфтаи М.С. мушоҳида кардан мумкин аст. Ин дафъа исми М. Садриддинро дар шакли аббревиатура-ихтисораи М.С. меоварам. М.С. бо хабарнигори «Тасним»  суҳбат намудааст ва дар ҷараёни суҳбат ҳолати эҳсосотӣ ва молихулёии ин мусоҳиби наҳзатӣ хеле хуб буруз кардааст. Бо се нуқтаи иҷмолӣ қазияи зиндонҳои Хуҷандро, ки М.С. хеле ҷиддӣ гирифта, дар ростои он ҳангомасозӣ кардааст (албатта, ҳадафмандона), равшан менамоем.

Аввал. Баҳси ҷанҷол дар зиндони Хуҷанд, ки сархатти хабарҳо дар расонаҳои мустақил гардида буд, мавриди суҳбати М. С. қарор гирифтааст. Ў як даргирии муқаррариро дар зиндони Хуҷанд ҳангома сохта, онро иѓвогарона «қатли ом» унвон кардааст. Дар ҳоле ки даргирӣ қаблан тарҳрезӣ шудааст ва дар ташкили он зиндониёни ба ДИИШ алоқамандбуда даст доштанд. Ин нукта ҳам воқеият дорад, ки кушташудагон-зиндониёни даргирии зиндони Хуҷанд қаҳрамон нестанд, ки аз онҳо арҷгузорӣ шавад. Дигар ин ки чунин навъи даргириҳо дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон ҳамасола чандин маротиба сурат мегирад ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ пахш карда мешаванд. Аз ин рў, аз он ҳангома сохтан ва атрофи он гаппаронӣ ва шиорзанӣ кардан коре хубе нест. Албатта, барои гурўҳҳои манфиатхоҳ ва султаталабе мисли гурўҳи М.С. чунин навъи хабарҳо заруранд ва аз онҳо ба сифати приёми сиёсӣ ва иѓвогарӣ истифода мешавад. Ин аст, ки бар асоси шоеот наметавон ҳақиқати корро дар зиндони Хуҷанд арзёбӣ кард.  Гузашта аз ин, муомилаи бад бо зиндониён, ки дар гурўҳи шоеот ва овозаҳои қазияи даргирӣ дар зиндони Хуҷанд дохил мешавад, омили даргирӣ ва задухўрд набудааст. Ду зиндоние, ки дар бурузи даргирӣ саҳм гирифтаанд, собиқаи ҷиноятии вазнин доштаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ, наметавон ангезаи ифротгаройи динӣ-мазҳабӣ будани онҳоро дар қазия сарфи назар кард.

Сонӣ. Узви «Кумитаи шаӣрвандии наҷоти гаравгонӣо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон» М.С. кори Ҳукуматро дар қазияи даргирии зиндониёни Хуҷанд бо ДИИШ қиёс менамояд, бехабар аз он ки ақоиди доишӣ ва хурофотӣ дар зеҳни М.С.-и наҳзатӣ, ки моломоли таассубу ҷаҳолат аст, ҷой доранд. Ин узви ба ном «Кумита» бо кадом масъулият куштори зиндониёни ҷинояткорро, ки ба музокира ва муколима ҳозир нашуда, даргириро идома дода, дар пайи задухўрд бо неруҳои интизомӣ  ҳалок шудаанд, «қатли ом» ва натиҷаи онро  «як паём буд барои дигар озодандешон: мо шуморо зиндонӣ мекунем ва дақиқан ба ӣамин шева қатли омматон мекунем ва касе ӣам наметавонад моро гуноӣкор кунад, чун қудрат дар дасти мост» медонад?! М.С. киро дар рўйхати озодандеш қарор медиҳад? Албатта, гурўҳе мазҳабзада, хурофотӣ ва ҷаҳолатпарастро, ки худ дар раддаи аввал аст. Аз забони ин «узв» ба ҷуз таҳқиру тавҳин ва ҳақорат чизи дигаре немебарояд ва «рўҳониён ва уламо»-ро ба гурўҳи  озодандешон шомил менамояд. Дард дарди мазҳаб аст ва бо ин дард ин «узв» мехоҳад дар Аврупо ҷавлон кунад ва аврупоиёнро дарси демокросӣ ва озодандешӣ бидиҳад. Аҷабо, аз доираи танги хурофоту таассуби динӣ берун набаромада, даъвои доноӣ мекунад. Ана ин аст, ҷасорати як рўҳонии муҳофизакори мо, ки дар берун аз кишвар лофи озодандешию дурусткорӣ мезанад.

Солис. М.С. ҳавсалаи шунидани воқеиятро надорад ва ҳар падидаи манфиеро, ки дар Тоҷикистон зуҳур мекунад, ҳатман ба шахси расиҷумҳур ва хонаводаи ў иртиботаш медиҳад, чун вазифааш ҳамин аст: бояд атрофи ҳамин ҳадаф  пофишорӣ намояд ва матолиби иѓвогарона интишор бидиҳад. Хуб, раиси зиндонҳо ва сардори зиндони Хуҷанд аз вазифа сабукдўш шуданд. Боз гуноҳҳои нав ба навро дар пойи Ҳукумат бастан мегиранд, чунки ҳадафи бозигароне чун М.С. сирф сиёсӣ аст ва аз ҳар навъ иттилоот ҳангома сохтан ва онро мунташир карда, афкори иҷтимоиро таҳти контрол қарор додан стратегияи ин гурўҳҳо мебошад. Ҳоло мебинем, боз ҳангомаҳои нав ба нав идома доранд ва тими наҳзатӣ, аз ҷумла шахси М.С. дар вазъияти бофтану пардохтани дурўѓу иѓвоҳое навбатӣ талош мекунад. Пайгирӣ мекунем.

 

Фаридун Ориёӣ,

таӣлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:365
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19166
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55617
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265129

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?