21 Май 2015
Панҷшанбеи гузашта Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» дар қаламрави шаҳр гузаронида шуд.
Дар гузаронидани хониши сиёсӣ тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Фаррух Турсунов, мудири кафедраи Донишкадаи савдо ва иқтисоди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Мавҷуда Ӯрунова ва Муътабархон Бобоева дотсентони кафедраи ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров, дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, Маркази саломатӣ ва тарғиботчиёни маҳаллӣ дар корхонаву муассисаҳо баромад намуданд.
Баромадкунандагон роҷеъ ба нақши ҷавонон дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013 – 2015», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ то соли 2020 ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуданд.