Матни равон

 

Мубаллиғ ва насиҳатгари наҳзатиҳо кӯри Сайидюнус Бурҳонов дар дуруғбофию туҳмат кардани ҳамватанон то дараае ба ҳадди ифрот расидааст, ки  навиштаҳояш дигар сару нуг надоранд ва аз қиссаҳою афсонаҳои хаёлӣ ҳам бештар ғайривоқеианд. Масалан, дар яке аз матлабҳои охирини худ, ки зери унвони “Як тавсияи бародарона ба оппозисюн” дар сомонаи ифротиаш нашр кардааст, аввал аз қисмати як ҷавоне ки мавриди таваҷҷуҳи вай будаасту баъд гӯё тағйир ёфта духтарбоз шудааст, бо ҳасрат қисса мекунад. Баъд ба насиҳати ҳаммаслакони наҳзатии худ мегузарад, ки чи гуна бояд мубориза баранду беҳтараш “миёна” бошанд. Пас аз ин ба шоир Бозор Собир мечаспад ва таҳқир мекунад. Дар охир мақолаи пойдарҳавою бемантиқашро бо оёти қуръонӣ зеб медиҳад.

Аслан, ин насиҳатномаи навиштаи ҳазарати кур ба худаш дахл дорад. Зеро дар ҳамин як матлаби кӯтоҳ ҳадди ақал дар ду маврид ба ҳадди ифрот  расиданашро исбот кардааст. Аз ҷумла, зимни мисоли овардааш дар бораи ҳамон ҷавоне ки ба гуфти кури Сайидюнус аввал ботақво будаасту баъд духтарбоз шудааст, ифротӣ будани вай баръало маълум аст. Ё         вақте ки ба шоири миллат Бозор Собир туҳмат мезанад, дараҷаи баланди ифротӣ буданашро нишон медиҳад.

Кури Сайидюнус аз худ ҳамадон тарошида, оид ба тамоми масъалаҳои ҳаёту фаъолияти одамон менависад. Ҳатто  хӯрдану хуфту хези мардумро мехоҳад тибқи хостаи худаш ба эътидол орад. Тарзи дурусти муборизаро ба ҳаммаслакони наҳзатиаш омӯзонданӣ аст. Аммо ақлаш ба як чизи одӣ намерасад, ки   ягон гурӯҳ ё ташкилоти террористию экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ зимни фаъолияту муборизаи худ ҳеҷ гоҳ муътадил буда наметавонад. Табиати ин гуна ташкилотҳо чунин аст, ки  ҳамеша даст ба ҷинояту террор мезананд ва мақсадҳои худро бо роҳи зуроварӣ ба даст оварданӣ мешаванд. Агар фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро аз аввал то имрӯз таҳлил намоем, мебинем, ки роҳбарону фаъолони ин ташкилот ҳамеша роҳи зуроварию ҷинояткориро пеш гирифтаанд ва ифротӣ будаанд. Кури Сайидюнус аз эътидолу таҳқиру тавҳин накардан сухан мегӯяд. Аммо таҳқиру тавҳин як тараф истад, инҳо солҳои навадум дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карда буданду одамонро ба қатл мерасонданд. Имрӯз ҳам ноҷавонмардона пешрафтҳои кишварамонро нодида гирифта, ҳамеша ба Ҳукумат ва давлат туҳмат мезананд. Аҷибаш ин аст, ки худи олуси Сайидюнус, ки имрӯз ба нақши насиҳатгар даромадааст, сар то по ифротӣ аст.

Ҳазрати олусчашм, ки дар замони зинда будани Бозор Собир мисли муши мурда аз ӯ метарсиду ҷуръати дар муқобилаш чизе навиштан надошт, имрӯз  нашармида бо мурдаи шоир ба ҷанг даромадааст. Бозор Собир агар давраи коммунистиро танҳо бо сухану шеър танқид карда бошад, наҳзатиҳои ҳаммаслаки кури Сайидюнус солҳои навадум коммунистҳо ва умуман мухолифони худро бераҳмона мекуштанд.Пас, кӣ ифротӣ аст?

Дар охир ба кури Сайидюнус як тавсияи хубе доданӣ ҳастем, ки беҳтараш дар бораи Тоҷикистон чизе нанависад ва мардумро насиҳат накунад. Зеро тавсияҳои вай танҳо бар зараранду аз онҳо ҳамеша бӯйи иғвою душманӣ меояд.

Диловари Хуршед, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:725
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3379
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12798
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:725
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8276826

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?