Матни равон

Рӯзноманигори машҳури тоҷик Додоҷон Атовулло ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаберо нашр карда, тамоми амалҳои зишту палидонаи роҳбарону фаъолони наҳзатиро фош кардааст. Аз ҷумла вай дар ин навиштаи худ қайд мекунад, ки ТТЭ ҲНИ аслан моли Нурӣ буд. Моли Кабирӣ ин эътилофи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аст. Ин рӯзноманигори аз фаъолиятҳои қаблиаш дар ҳайати эътилофи наҳзатӣ пушаймон тамоми разилию ҷиноятҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони уро фош менамояд ва то кадом андоза зиддимиллӣ будани ПМТ-ро таъкид мекунад.

Дар ҳақиқат тавре ки ба њамагон маълум аст, роњбарони љинояткори  Ташкилоти террористию экстеремистии Њизби нањзати исломї пас аз мамнуъ эълон гардидани фаъолияташон аз љониби Суди олии Тољикистон, аз љавобгарї дар назди ќонун ва мардуми кишвар дар Аврупо панањ бурдаанд ва то ба имрўз ба дурўѓпароканию иѓвогарии зиддимиллї машѓуланд. Аз хабару навиштањояшон дар шабакањои иљтимої ва расонањои хабарии ифротї маълум мешавад, ки ин бадхоњони миллату Ватан барои расидан ба њадафњои нопоки худ аз ягон амали нангине  худдорї намекунанд.

9 сентябри соли љорї  чанд нафар хоину љинояткори нањзатї дар Варшава љамъ омада, созмони нави худро ташкил доданд ва ба хотири воњимаю таблиѓи бештари амалњои тахрибкоронаашон онро эътилофи «Паймони миллии Тољикистон» номиданд. Аммо дар асл ин њељ гуна  паймону эътилофе набуда, балки  марњилаи навбатии татбиќи наќшаи тахрибкорона ва њадафмандонаи зиддимиллии ТТЭ ЊНИ ва њамрайъонаш мебошад, ки аз сўи сарпарастони хориљиашон супориш шудааст.

Аз тањлили рафти ин љаласа бармеояд, ки ташкили иттињод бо номи «Паймони миллии Тољикистон» як амали дуруѓин буда, минбаъд њам он «ба осиёби ТЭТ ЊНИ об мерезад». Зеро созмонњои Анљумани Озодандешони Тољикистон, Љунбиши Ислоҳот ва Рушд дар Тољикистон ва Анљумани муҳољирони Осиёи Миёна, ки ба ин иттињод гўё шомил гардидаанд, дар асл њар се давоми мантиќии ТТЭ ЊНИ њастанд ва пештар мањз аз тарафи роњбарони ин ташкилоти террористї барои фиреби назар сохта шуда буданд. Нањзатињо бо ин амалашон њоло нишон доданї њастанд, ки гўё бо неруњои дигари муњољирони тољикистонї эътилоф кардаанд. Аммо дар асл, ин эътилофи нањзатињо бо худи худашон асту чанд журналисту зиёии дигарро гумроњ карда фиреб додаанд.

Саволњое ба миён меояд, ки магар то њол дар Тољикистон институтњои иљтимої барои рушди демократия нестанд? Оё дар чунин паймони дурўѓин, ки хати машаш дар дасти сарварон ва пайравони ТТЭ ЊНИ аст, дунявият ва дин ба њам созгор меоянд? Наход ташкилоти террористї аз демократия ва адлу инсоф пуштибонї кунад? хандавоар аст.

Агар ба таърихи начандон дури њалќи тољик назар намоем, маълум мешавад, ки дар ибтидои солњои 90-уми асри гузашта созмонњои «Растохез», «Лаъли Бадахшон, Њизби демократии Тољикистон  ва ТТЭ Њизби нањзати исломї  низ чунин эътилофро созмон дода буданд. Бо гузашти начандон ваќти зиёд ТТЭ ЊНИ ва рўњонињои мутаасиб вазифаи роњбарї дар ин эътилофро ба дасти худ гирифтанд, то њадафњои худро амалї созанд. Натиљањои фољеабори ба сари миллатамон овардаи чунин худхоњї ва авомфиребии рўњониён ва њаводорони ТТЭ ЊНИ-ро  њељ гоњ мардум фаромўш намекунад.

Аз тарафи дигар ТТЭ ЊНИ ташкилоти террористї ва мамнуъ иебошад. Аз ин рў, њамагуна эътилоф, паймон, иттињод ва њамкорї бо ин созмон ѓайриќонунї буда, њамчун њамдастию иштирок дар терроризму ифротгарої љавобгарии ќонунї дорад. Вобаста ба ин ваќтњои наздик он нафароне ки аз рўйи нофањмї вориди эътилофи нањзатї шудаанд, бо дарки љавобгарї ва љазо доштани чунин амал аз сафи он фирор хоњанд кард.

ТТЭ ЊНИ њељ гоњ барномаи созандаю мукаммали сиёсї надошт ва дар оянда низ нахоњад дошт. Њадафи ягонаи ин созмони террористии мамнуъ то ба њол дар Тољикистон бо роњи зурї сохтани давлати исломї боќї мондааст ва њамагуна пўстивазкунињо ва аз демократия љор задани роњбарону пайравонаш фиреби назаре беш нестанд. Аз  ин рў, касоне  ки бо ин ташкилоти ифротї наздики мељўянду эътилоф мекунанд, худро мефиребанд, зеро марњилаи мављудияти исломи сиёсї дар Тољикистон моњи сентябри соли 2015 ба анљом расида буд. Халќ бояд донад, ки љойгоњи ТТЭ ЊНИ дигар бойгонї аст. Шахсону гурўњњои дигарро њоло ки дер нашудааст, зарур аст, ки аз ќарори пайвастан ба ин паймон даст кашанд ва худро бо њадафњои душманона ва амалинашавандаи  дурўѓин нафиребанд.

Набояд фаромўш кард, ки дар замони муосир ташкили њар гуна эътилофу паймоне, ки сарварии онро намояндаи њизби террористии динї ба зимма дорад, натиљае намедињад ва танњо хатар меорад. Мардуми Тољикистон ва љањон аз чунин ташкилотњои тахрибкору мутаасиб, ки ѓайр аз террору харобї кори дигаре намекунанд, зиёд хаста шудаанд. Имрўз ањолии кишвари мо барои мењнати созанда ва бунёдкорї дар атрофи Сарвари давлат муттањиданд ва барои ободию пешрафти Ватан кўшиш доранд.

Эътилофи нањзатињо, ки маќсади бадхоњона дорад ва зидди миллату ватан мебошад, ягон дастгирие аз љониби ањолї надорад. Ин эътилофи нањзатї зуд фано хоњад шуд.

 

Диловари Хуршед

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:210
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15357
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6857
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739247

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?