03 Декабр 2018
Атовуллоев Д. дар матлаби худ аз даъват шуданашон ба шаҳри Теҳрон дар соли 1993 ёдовар шуда, менависад, ки «дар яке аз бўстонсароҳои ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем…». Аз навиштаи мазкур бармало маълум мегардад, ки мухолифини назатӣ, яъне душманони миллату меҳан бевосита ба бўстонсарои ҳукуматии Ҷумҳурии исломии Эрон даъват шуда, маҳз дар ин ҷо поягузори ТТЭ ҲНИ С.А. Нурӣ ба фурўхтани вазифаҳову муайян кардани самти ояндаи фаъолияти террористонаи ниҳоди террористӣ-экстремистии мазкур оғоз менамояд. Аз ҷумла, бинобар сабаби дар шаҳри Маскав таҳсил кардану дар байни журналистону сиёсатмадорони Русия доштани дўстони зиёд ба Д. Атовуллоев пешниҳод мешавад, ки оянда дар ин кишвар фаъолият намояд.
Бо вуҷуди баъд аз шинохтани чеҳраҳову нақшаҳои ҳаммайдонҳо Атовуллоев аз мухолифин ҷудо гардида, ба гуфтаи худаш дар «рўйхати сиёҳ» афтод ва дар ҳолати пирўз шудани ин душманону хоинони миллату меҳан ў ба қатл расонида мешуд. Зеро ў дар маҷлиси шаҳри Теҳрон ба ҳама гуноҳҳои худ иқрор гардида, суханрониҳои Д. Атовуллоевро гоҳ-гоҳе Шодмон Юсуф ва Тоҳири Абдуҷаббор бо нидои «рост, рост» тасдиқ мекардаанд.
Аз ин тарзи муносибат ба якдигар ва дар куҷою бо кадом усул гузаронидани маҷлис бармало маълум аст, ки мақсади тамоми намояндагони ТТЭ ҲНИ танҳо ва танҳо ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифа мебошад. Ҳарчанд, борҳо аз забони худи Нурӣ суханоне садо доданд, ки: «мухолифин дар набарди иттилоъотӣ пирўз гашта буд, ки ҳамин Д.А. сардафтараш буд», Атовуллоев Д. бо ҳақгўйиҳояш ба душмани ашадии ТТЭ ҲНИ табдил ёфт. Зеро ин ҳақгўйӣ, ошкорбаёнӣ ва ифшо кардани пинҳонкорию фош намудани асрори хиёнаткорию душмантарошиҳои ў зарбаи шадиду ҷонкоҳе гардид барои намояндагони ТТЭ ҲНИ. Чунки ҳақ ба ҷониби навиштаҳои Д.Атовуллоев ва воқеан ҳам роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ бисёре аз ҷавонону наврасони кишварро бо роҳи найрангу ҳилла ба гумроҳа кашида, ҳамаи ононро қурбони бозиҳои ҳароми хеш намуданд. Ҳамин ҳаромкориҳои худро имрўз ҳам идома дода, ҷавонони соддадили навро ба майдон баровардан мехоҳанд. Боз ҳамон ҳиллаю найрангҳои солҳои 90-умро идома дода, даъвои давлату ҳукумат ва мансабҳои вазиру сафир карда, ҷавонону наврасони меҳанро боз ба доми худ кашидан мехоҳанд.
Воқеан ҳам ҳақ ба ҷониби Д.Атовуллоев ҳаст, ки менависад: «Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворӣ аст. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист…». Ин ҳамаро Атовуллоев Д. аз таҷриба ва зиндагии шахсии худ мегўяд, зеро ў хуб медонад, ки собиқ роҳбарони ТТЭ ҲНИ ўро бо ним нон фурўхтанд. Воқеан ҳам дуруст менависад, ки агар террористону экстремистони наҳзатӣ сад бор тавба кунанд, сад бор савганд ёд кунанд ва ҳазор бор баёния пахш намоянд, ҳам бовар накунед, зеро онҳо ҳамагӣ хиёнаткор ва душманони ашадии миллату меҳан ҳастанд.
Ин ҳама ҳарфҳо ва суханони террористону экстремистони наҳзатӣ сар то по дурўғ буда, ҳамагӣ такрори ҳамдигар ва идомаи мантиқии амалҳои пасту зишти роҳбарони ТТЭ ҲНИ мебошад. Онҳо аслан кўзаи холӣ буда, ҳарчӣ дигарон мерезанд, ҳамон метаровад. Воқеан ҳам инҳо ҳамаги инсонсуратони ваҳшисират буда, пасттарин махлуқ ё ҳайвон аз онҳо болотар аст.
Бо вуҷуди ин ҳама, боз чашмгуруснагону тангназарони наҳзатӣ даъвои давлату ҳукумат ва мансабу вазифа карда, бад-ин васила халқро ба гумроҳа мебаранд ва кирдорҳои ношоистаи худро идома доданӣ ҳастанд.
Дар ҳақиқат чи тавре ки Додоҷон Атовуллоев менависад, ТТЭ ҲНИ аслан моли Нурӣ буд. Аммо баъди роҳбари ин ташкилот шудани Кабирӣ ТТЭ ҲНИ ба ҷинеоятҳои боз ҳам сангинтару ваҳонитар даст зад ва комилан террористию экстремистӣ гардид. Маҳз баъди роҳбари ТТЭ ҲНИ шудани Кабирӣ хатари он барои Тоҷикистон афзоиш ёфт, ки мисоли он табаддулоти нокоми моҳи сентябри соли 2015 мебошад.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар