Матни равон

Дар сомонаи иғвобарангез ва ифротии “Ахборком” мақолае бо номи “Як бому ду ҳавои Додоҷон Атовуллоев” нашр гардидааст, ки аз бадхоҳӣ ва душманӣ варзидани роҳбару масъулони ин расонаи хабарӣ ба Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Зеро баръало маълум аст, ки аз мақолаҳои ахири Додоҷон Атовуллоев, ки ТТЭ ҲНИ-ро мавриди танқид қарор додааст ва сирри наҳзатиҳоро фош кардааст, хеле нороҳатанд. Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарону кормандони сомонаи “Ахборком” ҳаммаслаки наҳзатиҳои террорист ҳастанд.

Дар асл, Додоҷон Атовуллоев ҳамчун як рӯзноманигори озод воқеаҳои дар гузаштаи начандон дур гузаштаро бо тарзи воқеъбинона инъикос  кардааст ва аз иштироки худ дар он равандҳои хатарноку зиддимиллӣ хеле пушаймон буданашро ҷавонмардона баён намудааст.Маълум аст, ки вай  баъди аз сар гузаронидани пастию баландиҳои зиёди зиндагӣ ва сару кор доштанҳо бо ҳар гуна афроде ки худро дӯстдори ватану миллат вонамуд мекунанду дар асл хоину ҷинояткоранд (мисли Кабирӣ ва ғайраҳо), ба чунин натиҷа расидааст ва имрӯз ба хубӣ дарк кардааст, ки душмани Тоҷикистон ва сабабгори бадбахтиҳои ин кишвар дар солҳои навадум маҳз ҳамин наҳзатиҳо будаанд. Додоҷон Атовуллоев мисли қаламбадастони наҳзатӣ ва “Ахборком”-ӣ афсонабофӣ накардааст. Вай амалҳои бо чашми сар дида ва суханони бо гушҳояш шунидаро навиштааст. Ба фарқ аз “Ахборком” Додоҷон Атовуллоев дар бораи наҳзатиҳо ҳақиқатро баён мекунад.

Имрӯз Атовуллоев агар дар бораи пешрафтҳои Тоҷикистон, масалан ба кор даромадани НБО Роғун мақола таълиф кунад магар айб дорад? Ё ба роҳбари “Ахбоком” фақат сиёҳ кардани ватан даркор аст? Мирзои Салимпур ҳам бояд аз Додоҷони Атовулло ибрат гираду иғвоангезию туҳмат кардани Ҳукумату давлати Тоҷикистон ва душманиашро бо мардум бас кунад ва воқеъаҳоро воқеъбинона инъикос намояд. Агар чунин намекунад, пас,  Мирзои Салимпур бо сомонаи “Ахборком”-аш бозичаи дасти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошад. М.Салимпур Додоҷони Атовуллоро туҳмат мекунад, ки фурухта шудааст ва бо Ҳукумат гӯё муомилае кардааст.

Аммо М. Салимпур худашро намебинад, ки имрӯз муздури хориҷиҳо ва ҳаммаслаки наҳзатиҳои террорист гардидааст? Барои дарёфти пулу мол ватану мардуми худро туҳмат мекунад. Ҳар нафаре ки як ҳарфи хубе дар бораи Тоҷикистон гуфту навишт, ӯро ҳатман фурухташудаву мансуб ба “фабрикаи ҷавоб” меҳисобад.

Масъулони “Ахборком” Дориюши Раҷабиёнро “рӯзноманигори шинохтаи тоҷик” номида, навиштаҳои туҳматноки ӯро низ дар ҳаққи Д.Атовуллоев  мисол меоранд. Аммо Дориюш Раҷабиён (Раҷабов Шавқат) шояд барои “Ахборком” ва хонаводааш “рӯзноманигори шинохта” бошад. Барои мардуми Тоҷикистон ин нафар шинохта нест. Фақат маълум аст, ки ному насабашро аз Раҷабов Шавқат ба Дориюш Раҷабиён иваз кардаасту дар хизмати Радиои хориҷии ВВС дар Лондон қарор дорад. Навиштаҳои пойдарҳавои вай ягон арзише барои ватану миллат надоранд.

“Ахборком” дар матлабаш рӯйи рост дуруғ менависад, ки Додоҷон Атовуллоев гӯё дигар мустақил несту аз Ҳукумати Тоҷикистон пул мегирад. Ҳатто агар чунин ҳам бошад, магар аз Ҳукумату давлати худ пул гирифтан мумкин нест?  Чӣ Мирзои Салимпур ва Дориюши Раҷабиён, ки бо пулҳои давлатҳою ташкилотҳои хориҷӣ зиндагӣ доранд, магар мустақиланд?

 

Диловари Хуршед, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1486
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5601
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56738
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266250

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?