Матни равон

Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣРавандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир босуръат идома доранд. Суол ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад?

Посух ба ин суол дар Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони шаҳр, ки таҳти сарварии Раиси шаҳри Қайроққум, раиси Шӯро Матлубахон Амонзода бо иштироки аъзоёни Шӯро ва роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, имом-хатибони масҷидҳо доир гардид, бо муҳокимаи се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи аввал оид ба «Таҳлили фаъолияти Шӯро дар соли 2014 ва семоҳаи аввали соли 2015» сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ Мансурҷон Маҳмудов баромад кард.

Роҷеъ ба рафти иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» комиссари ҳарбии шаҳр Бомурод Холмуродов ҳисобот дод. Сардори шуъбаи шаҳрии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилоят Хаёл Ҳакимов дар бораи «Тамоюлҳои идеологӣ ва сабақҳои таърих», ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст баромад намуд. Марбут ба мавзӯи номбурда ва ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави шаҳр сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Қайроққум Саидаҳмад Маҳмадҷонзода ба музокира баромад.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода баробари вазифадор намудани масъулини соҳаҳо ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон боз таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нооромиҳои сиёсӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон, зиёд шудани амалҳои террористию экстремистӣ дар дунё, ҷангҳои мазҳабию характери динӣ дошта, дар давлатҳои исломӣ, сиёсикунонии дини ислом ҷалб кард.

Сипас, аз ҳузурдоштагони ҷаласаи Шӯро даъват ба амал овард, ки баҳри аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёру зирак будани шаҳрвандон ва фирефтаи суханони образноки гуруҳҳои ифротӣ нашудан, тадбирҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ арҷ гузошта, онро қадр намудан ҳидоят созанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:767
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4882
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56019
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265531

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?