07 Декабр 2018
Шоҳидони ҳол мерасонанд, ки полиси байналмилалӣ таърихи 06-уми декабр дар хонаҳи кирояи аъзои ҳизби наҳзат 200 кг тротил, 5 АК, 3 ПК ва миқдори зиёд шабномаҳои «Давлати исломӣ»-ро кашф ва мусодира кардаанд.
Ҳамин манбаъҳо хабар медиҳанд, ки дар роҳнамоии террористон чанд нафар аъзои олирутбаи ҳизби наҳзат даст доштаанд, ки аз Бобоев Абдусаттор, аъзои Шӯрои ТТЭ ҲНИ ном мебаранд, ки дар қатори ин дастгиршудагон мебошад. Боздошт шудани Бобоевро хешутабораш дар н.Восеъ низ тасдиқ мекунанд. Ба гуфти онҳо, Кабирӣ Бобоевро маҷбур ба ин кор карда, «кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи афкори оммаи Аврупо ба масъалаи ҳизби наҳзат кардаанд».
Маълумоти дигаре ки аз атрофиёни ҳизби наҳзат дар Берлин то ба ин лаҳза расидааст, аз он иборат аст, хомӯшии бардавоми онҳо аз тарси рондаш шудан (депортатсия ) мебошад, Аз ҷумлаи 2, 5 ҳазор муҳоҷири меҳнатие ки дар Аврупо аз Тоҷикистон қарор доранд, 870 нафари онҳо ба Ватан баргардонида мешаванд, ки дар байни онҳо 12 нафар наҳзатӣ ҳам мебошанд.
Дар қароргоҳи муҳоҷирони тоҷику афғон бо номи «Безвола» сару садоҳо паҳн шудааст, ки ҳизби наҳзат дар якҷоягӣ бо аъзоёни ҳизби исломии Г.Ҳикматёр, кӯшиши миниинқилоб (инқилоби хурд) дар ҳудуди қароргоҳ даст заданӣ ҳастанд, аз ин лиҳоз, масъулони полис аз ин кор хабар ёфта, барои пешгирии қурбониёни эҳтимолӣ
То њанўз дар хориљ аз кишвар нафарони бадхоњу худбохтае њастанд, ки худро њомиву дўстдор ва мубаллиѓи исломи сиёсї медонанд. ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи онҳост. Аз ин муносибати тундгароҳои ашаддӣ мардуми Аврупо ҳам ба дод омадааст. Ин тоифа қонунпазир нестанд, масъулиятпазир нестанд, ҳукми қонунро як амри ночиз ва дуюмдараҷа медонанд. Расму ойинҳои мардуми мизбонро намехоҳанд. Шармандаи оламанд. Аз як масъалаи ҷузъӣ ин ќадар њангомаву «табли шодї задан»-и љонибдорони исломи сиёсї далели он аст, ки ин нафарон, дар асл, на диндоранду на дунявї.
Масали точикӣ басо нишонрас омадааст, ки «Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад».
Усул Кӯҳзод, д.Сангчораки н.Рашт, омӯзгор