08 Декабр 2018
Ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлини Олмон амали навбатии иғвогаронаи наҳзатиҳост, ки аз номи ташкилоти ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” анҷом медиҳанд. Дар асл, ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон ягон хел зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест. Он маҳбусонеро, ки наҳзатиҳо “зиндонии сиёсӣ” меҳисобанд, ҷинояткорон мебошанд ва баъди исботи гуноҳҳояшон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд.
Аммо мақсади асосии ташкили гирдиҳамоии наҳзатиҳо он аст, ки худро дар назди ташкилотҳои аврупоӣ ҷабрдидаю бечора нишон диҳанд. Дар назди чунин созмонҳо нишон диҳанд, ки гӯё мавриди таъқибот барои фаъолияти сиёсиашон қарор гирифтаанд, то аз Олмон хориҷашон накунанд.
Аммо дер нест он рӯзе ки олмониҳо ва дигар аврупоиҳо ҳам аз мақсаду маром ва нақшаҳои хабисонаи наҳзатиҳо хубтар огоҳ мегардаднд. Он гоҳ аҳволи ин ҷинояткорони хоини ватан табоҳ хоҳад шуд.Мақомоти Олмон ва кишварҳои дигари Аврупоро зарур аст, ки хатари ин гуруҳи табоҳкорро дурусттар дарк намоянд ва барои дастгир кардану ба ҷавобгарӣ кашиданашон мусоидат намоянд. Дар акси ҳол як рӯз не як рӯз дар Аврупо ҳам бадии наҳзатиҳо ба мардум мерасад.
Мутмаин ҳастем, ки кулли тоҷикистониҳо бо чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ шиносанд ва ҳаргиз ба ҷамъомади ҷинояткоронаи онҳо намепайванданд.