Матни равон

Дар ташкили роҳпаймоиҳои наҳзатиҳо, ки нуқтаи арши аълои фаъолияти ба ном сиёсиашон мебошад ва бо кӯмаки дастандаркорони хориҷӣ баргузор мегардад, нуктаҳои зерин бояд аз ёд нараванд ва дар шинохти ин ҳизби беаслу бунёд ба инобат гирифта шаванд:

 

  1. Девона чу девона бубинад, хушаш ояд. Митинг ва митингбозӣ ҷузъи тафаккури харобкоронаи наҳзат мебошад.  Наҳзат дар ҷумҳурӣ калимаи номатлуб, бад ва ғайриқобили қабул аст. Наҳзат оғозгари ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳрикгари қатли оми мардум аст.
  2. Нахустин гурӯҳҳои ғайримасъули ҷангиро мухолифон дар дохил ва баъдан дар хориҷи кишвар таъсис доданд. Аз ин рӯ, асосгузор ва муассиси гурӯҳҳои масъули мусаллаҳ-наҳзат мебошад. Ин ҳам харобкории бардавоми наҳзатиҳо.
  3. Ҳаракати «Ансорулло»-ро маккорона ба саҳнаи сиёсӣ оварданд, раҳбаронаш дар дохил чулу чаповул мекаранд ва ин ҳаракати террористӣ чун фишанги нуфуз аз берун, дандони хуношоми худро нишон медод.
  4. Наҳзат чун ҳунари  созандагӣ надорад, тавону зарфияти он ба митингбозӣ мерасад. Шавқи беандозаи наҳзат ба митингбозӣ решаи авлодӣ дорад.
  5. Пештар падарҳо ин миллатро ба хоку хун кашиданд, ҳоло бачаву духтарҳо  доман тар карда истодаанд (номҳо ва авлодҳо маълуманд, як таҳлили муқоисавӣ кунед, ҳама рӯ ба роҳ мешавад, дар бозёбии решаҳои фалсафаи ҷанг);
  6. Ихтироъкори фалсафаи ҷанг бешаку шубҳа наҳзат мебошад. Миллате ки ободкор буд ва дар фикри созандагӣ, ҳамин муллоҳои сиёсатзада дар вуҷудаш хасми ҳамдигариро бедор карданд.
  7. Ҳамчун усули асосии муборизаи қалбакӣ барои роҳпаймоиву тазоҳурот, масъалаи ҳуқуқи инсонро дастак карданӣ ҳастанд, ки роҳи дурӯғ аст.
  8. Қомати букриро гӯр рост мекунад, рост мегуфтаанд. Ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди миллӣ бо доман задан ба  зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ–ташкили митингҳо карданд.
  9. Ин лағзишҳои наҳзатӣ, тасаввуре дар зеҳни таҳқикгарони воқеиятгарои муқими Тоҷикистон  ба вуҷуд овардааст, ки “Оё боз ҳам саҳви таърихии муллоҳои билетдор  бозгашти бемайлони он ба сӯйи таҷрибаи риққатбори митинг ва гуруснанишинӣ такрор меёбад? Ҳаргиз не. Наҳзат чун марази носур дар бадани ин миллат аст, ки ҳар чи зудуда шавад, ҳамон беҳтар аст.
  10. Ҷойиз ба ёдоварӣ медонем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, митинг созмон диҳад, чун он ташкилоти террористиву экстремистӣ мебошад. Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ аз лиҳози амалгароии ҳуқуқӣ, ҳам хатарнок аст. Оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ оқибати бад дорад.

 

Мӯсо Ирамов, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2042
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6654
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57791
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8267303

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?