19 Декабр 2018
18 декабри соли 2018 дар шаҳри Гулистон, ки яке аз шаҳрҳои саноатии вилоят маҳсуб меёбад, бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Корхонаи металлургии “Маҳмуд-Ко” дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” омода гардида, пудратчӣ ҶДММ “Абдушукур” мебошад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки се бинои асосӣ ва бинои маъмурии корхона дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳо ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид ва дар аснои суҳбат нақши соҳибкоронро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни вилоят назаррас арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастуру ҳидоятҳо ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат сол аз сол рушд намуда истодааст. Ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ дар чанд соли охир ба рушди соҳа мусоидат намуда, дар ин раванд ҷойҳои нави корӣ бунёд ва некӯаҳволии мардум таъмин гардида истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд