19 Декабр 2018
1.Сайидюнус, мушаххасан, сатрпўширо ба унвони динмадорӣ ва тақводории занону бонувон муаррифӣ менамояд. Аслан, намефаҳмам, ки ин ба истилоҳ, динмадорони муосири тоҷик (ба таври мушаххас манзур хонуми Файзинисо Воҳидова, коршиносон С. Истаравшанӣ ва Абдуманон Шералиев ва амсоли инҳо дар назаранд, ки ахиран дар ҷараёни ҳимоят аз сатр ва аз ин тариқ ҳифзи зоҳирпарастии исломӣ тариқи расонаҳо фазлфурўшӣ мекунанд) барои чӣ ин қадар ба сатр ва сатрпўшии хоҳарони мусулмон мутамоиланд. Бубинед, Сайидюнус се симои сиёсии матраҳи минтақавиро зоҳирпараст меномаду худ дар сатҳи зоҳирпарастони ҷаҳонӣ қарор дорад. Гап сари ин аст, ки динмадорон дар таърихи ҷаҳонӣ аз ҳама бештар ба риёкорию зоҳирпарастӣ таваҷҷуҳ мекунанд ва намозхонӣ, сатрпўшӣ, ботақвоӣ, тавозўъ ва фурўтании худро ба намоиш мегузоранд ва бо ин роҳ имиҷи сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва иҷтимоӣ касб менамуданд ва феълан дар садади иҷрои ин ба ном «рисолат»-анд. Беҳуда Хоҷа Ҳофиз нагуфта буд:
Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳаққи мо ҳар чӣ гўяд, ҷойи ҳеҷ икроҳ нест.
Кори ин қабил дар тўли таърих наззораи аъмол ва тороҷи амволи мардум будааст. Ин нуктаро, албатта, зоҳиди зоҳирпарасти мо С. Истаравшанӣ хуб медонад, вале ба ҳимояти ин қишри ба истилоҳ, мутаҳаҷҷир хомафарсоӣ менамояд, чун намоячндаи ҳамин тим аст. Аз ин рў, ҳар чӣ гуфта шавад, намепазирад ва алайҳи интиқодоти дунявиён меҷангад. Мутаассифона, ин тоифа рисолати худро дар ҳамин кор мебинанд.
2.С. Истаравшанӣ кору фаъолият ва назароти Камол Отатуркро зоҳирпарастӣ унвон мекунад ва мисол мезанад, ки ў пўшидани малобиси ғарбиро меъёри умури дунявӣ донистааст. Магар Отатурк иштибоҳ кардааст? Ў Туркияро аз ваҳшати асримиёнагӣ наҷот додва ба марҳилаи рушду тараққӣ расонид. Маҳз бо ибтикори Отатурк Туркия аз давлати динӣ-теократӣ ба шакли идоракунии ҷумҳурӣ(республикавӣ) гузашт. Агар ба тамаддуни ғарбӣ таваҷҷуҳ намекард ва ҷомеаро ба омўзишу фарогирии улуми дунявӣ ҷалб намекард, Туркия имрўз дар миқёси байналмилалӣ ба сифати давлати дунявӣ ва секулор наметавонист нуфузи чашмгир дошта бошад. Ба ҷойи он ки ба Отатурк сипос бигўем, ки мардуми туркро аз вартаи ҷаҳолати асримиёнагӣ берун кашид, ўро нафрин кунем? Сайидюнус ва тоифаи ба ў наздикро фаҳмидан мумкин аст. Онҳо бо низоми дунявӣ ҳеҷ созиш кардан намехоҳанд, чунки аз назари мабодӣ ва принсип бо ин навъи низоми сиёсӣ ва мудирияти давлатӣ дар тазоданд. Он ҳам тазоди мафкуравӣ ва ақидатӣ. Ана ҳамин принсипи ақидатӣ, ки бар мабнои хурофоти динӣ созмон ёфтааст, ин қабилро намегузорад, ки дунявиятро бишиносанд ва эътироф намоянд. Имрўз, он чи ки С. Истаравшанӣ ва хидматкорони исломи ноб мепўшанд, ҳамагӣ ғарбӣ ва аврупоианд. Дақиқтараш, малобиси аврупоӣ ба бар кардан дигар ба одати саросарии тамоми қишрҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Тамоми малобис ва абзори зоҳирию ва ибодии рўҳониёни Шарқӣ ва бахусус, муллоҳои мо аврупоӣ ва чинӣ аст. Аз ҷойнамоз шурўъ карда, то тасбеҳу шалвору ҷомаю тўпӣ истеҳсоли чинист (ба истилоҳи зоҳидону шайхони риёкори мо, «кофаристон». Аз масолеҳи мамолики кофарӣ масоҷиду маобид месозем, бо телефону компютер ва дигар васоити муосири фанӣ-техникии ғарбӣ, ки комилан давлатҳои дунявианд(на динӣ-мазҳабӣ) корҳоямонро ҷур мекунем, аммо истеҳсолкунандагонро кофар ва бехудо мегўем. С. Истаравшанӣ ва ҳаммаслаконаш ба ин навъи таҳқиру тавҳинҳои бародарони мусалмонашон чашм мепўшанд. Дигар ин ки таърихи исломӣ бакуллӣ аз ҷангҳою даргириҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти ақидатӣ таркиб ёфтааст ва имрўз низ набардҳои мазҳабӣ ва нофаҳмиҳои мафкуравӣ дар кишварҳои исломӣ вусъат меёбанд. Ба ин ҳам шахсиятҳои сиёсии дунявӣ – Камол Отатурк, Ризошоҳи Паҳлавӣ ва Эмомалӣ Раҳмон гунаҳкоранд?! Боре шудааст, ки дар бадбахтию мусибатҳои миллию мардумӣ ва барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҷаҳолату хурофотпарастии худ худро муқассир бидонем?! Дар ин маврид фармудаи Ҳофиз айни муддаост:
Шармамон бод аз ин хирқаи олудаи хеш,
Гар бад-ин фазлу ҳунар номи каромот барем.
3.Сайидюнус хеле хуб иқтибосҳоро аз ин се симои сиёсӣ меоварад ва он чи ки ба сифати иқтибос арз доштааст, мамлў аз ибтикороти Отатурку Ризошоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду тараққии миллӣ мебошанд. Ба гунаи мисол, агар Пётри Кабир риши дарозу беҳосили мужики русро, ки рамзи ақибуфтодагии ҷомеаи вақти русӣ будааст, иҷборан наметарошид, оё метавонист пешравӣ ва рушду нумуро дар қаламрави Руссия таъмин созад? Не, наметавонист. Аз ин ҷост, ки баъзан ибтикороте ҷиддӣ зарур аст, ки ҷилави ташаннуҷи хурофотро бигирад. Бигзарем, Ризошоҳи Паҳлавӣ ба Туркия сафар кард ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз пешравии ин кишвар истифода бурд. Бар илова, Ризошоҳ ва Отатурк ва ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо ҳиҷоб ва сатр ҷанг эълом накарданд, балки занону бонувонро, ки ғолибан таҳти фишору таҳдидҳои динмадорон рўсарӣ ба бар кардаанд, ба озодӣ расониданд. Занону бонувоне ки имрўз дар Тоҷикистон сатрпўшанд ва дар ин роҳ ҷадали шахсию инфиродӣ доранд, ангушт шуморанд. Вале ин тоифаи ангуштшумор, бо истифода аз василаҳои равонӣ ва тарси динӣ-мазҳабӣ муҳитҳои иҷтимоии занону бонувонро таҳти таъсири манфии ақидатӣ қарор додаанд. Магар аз ин дида, хатарнокӣ зиёд мешавад?! Охир, зани тоҷик асрҳо бидуни сатр (рўймол дошт) зиндагӣ карда тавонист ва ҳатто дар замони шўравӣ бонуи тоҷик бо либосҳои миллӣ дар анҷуману конфронсҳо ва иду ҷашнҳо ширкати фаъол дошт. Имрўз чӣ расидааст, ки яку якбора сатр ба ба сар мекунад ва динмадорию тақводориашро ба намоиш мегузорад? Ҳатман дар ин раванди сиёсӣ ва идеологӣ зоҳидони зоҳирпарасти мо ва хоҷагони беруниашон даст доранд. Ин аст, ки давлат пеши роҳи ифротгаройии динӣ-мазҳабиро мегирад ва хуб ҳам мекунад. Агар ин гуна тадбирҳо наандешад, ҳатман кишвар зери хатари ҷиддӣ - экстремизм ва радикализми динӣ қарор мегирад, ки оқибаташ террору тарсафканист ва ҳарҷумарҷи иҷтимоию сиёсӣ ва маданӣ.
4.Сайидюнс аз Иқбол намунаи ҷолиб овардааст ва зоҳирпарастии мардумро аз малобиси аврупоӣ накўҳиш кардааст. Аммо ба ин нукта таваҷҷуҳ накардааст, ки чаро ислом бо доштани ин қадар имконоти зиёди сиёсӣ, мафкуравӣ, ибодӣ ва ақидатӣ натавонист тайи ҳазору чаҳорсад сол инсонро аз бардагӣ ва бандубастҳои эътиқодӣ наҷот бидиҳад ва мамолики исломиро ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бирасонад? Вақте ки Иқбол маснавии «Асрори худӣ»-ро навишт, Файзии Панҷобӣ – он зоҳиди зоҳирпараст ўро ба бединӣ муттаҳам кард ва ҷавобан гуфт:
Бандаро Фиръавнсомон мекунӣ,
Бо Худо дасту гиребон мекунӣ?
Аз ин лиҳоз, бечораи Иқболро ҳам рўҳониёну зоҳидоне, ки Сайидюнус аз онҳо пуштибонӣ мекунад, ба куфру илҳод муттаҳам намуданд. Тамоми бузургони мо аз дасти тоифаи мутаҳаҷҷир, ки дар таърихи миллӣ бо номи «уламо ва рўҳониюн» маъруфанд, ба дод омадаанд. Истаравшанӣ кори он тоифаро тавассути василаҳои ҷадиду модерни фанӣ-техникӣ ва мафкуравӣ идома медиҳад.
5.Сайидюнус дар бахши хотимавии матлабаш бардошти ғалат ва иштибоҳие аз симоҳои сиёсии минтақавӣ кардааст. Онҳоро исломситез номидааст дар ҳоле ки на Отатурк, на Ризошоҳ ва на Эмомалӣ Раҳмон исломситез набуда ва нестанд. Ризошоҳ ҳеҷ гоҳ динро ҳамчун василаи ибодӣ аз миён набардошта буд, ҳадафи ў рўҳониёни найрангбоз ва риёкор буданд ва агар пеши роҳи онҳоро намегирифт, Ирон тараққӣ намекард. Дар зимн, он пешравие, ки имрўз ба номи ҳукумати охундӣ мутааллиқ аст, бар мабнои низоми мукаммали давлатдорӣ, системаи маърифатию илмӣ ва мудирияти дурусти сиёсии давлати Паҳлавӣ мебошад. Агар ин системи давлатдорӣ ва мудириятро, ки бар асоси мабонии дунявӣ сохта шудаанд, сарфи назар кунем, аз режими ҷумҳурии исломӣ чизе боқӣ намемонад. Афзун бар ин, дар дохили кишвари Ирон солона садҳо садои эътирозоти занону бонувони озодихоҳи иронӣ, ки барандохтани сатрро тақозо мекунанд, ба гўш мерасад. Чаро дар ин мавзўъ Сайидюнус сукут меварзад? Таҷрибаи зиёда аз садсолаи таърихи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дунявият ба унвони низоми пешрафта ва илман асосёфтаест, ки инсониятро ба сўйи шукуфоию рушд ва саодату хушбахтӣ мебарад. Дигар низомҳои пўсида, ки бар асоси ҷаҳли мураккаб, хурофоту ҷаҳолат созмон ёфтаанд, имкони рушди миллӣ ва мардумиро дар ҳеҷ шакле намедиҳанд.
6.Агар фаъолияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мурур кунем, ба хубӣ мефаҳмем, ки дар замони раҳбарии ў чандин маротиба китоби динии мусалмонон Қуръони Карим нашр шуд, солгарди Имоми Аъзам Абўҳанифа бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, китобҳои Ғазолӣ ва дигар мутафаккирони исломӣ борҳо нашр шуданд, ду маротиба солрўзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Сатрро бо ислом набояд омехта кард. Ин як навъ зоҳирпарастии динист ва чуноне ки Мавлоно аз зоҳирпарастию риёкории динмадорони давр ба дод омада, онҳоро сахт мазаммат кардааст, давлат ҳам риёкории занону бонувон ва мардони ришакии худнаморо дида, дар баробари даъвиҳои нобаҷойи мазҳабӣ тасмимоти ҷиддӣ рўйи даст мегирад. Ба ин ҳақ ҳам дорад. Бар илова, сатру риш дар ҳеҷ давру замоне нишонаи мусалмонӣ ва тақводорӣ набуда ва нест ва ҳар кӣ аз ин навъ василаи тарғибии мазҳабӣ истифода мебарад, риёкор асту бас. Ҷаноби Сайидюнус шояд байти машҳури бузурги адабиёти моро фаромўш карда бошад, ки тоифаи риёкорро хитоб қарор дода, фармудааст:
Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром,
Зиҳӣ шариату миллат, зиҳӣ, шариату кеш!
Фаридуни Ориёӣ