04 Январ 2019
Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” рӯз то рӯз тақвият меёбад.
Дар шафати кӯчаи асосии маркази шаҳр атрофи майдончаи варзишӣ ва беморхонаи марказӣ дар масофаи тақрибан 500 метр бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагии коммуналии шаҳр 70 бех дарахти ардач ва 40 бех санавбар шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бомаром идома дорад.