Матни равон

Даргузашти шоири тавоно ва маҳбуби тоҷик Бозор Собир, ки барои миллати мо талафоти бузургест, тамоми мардуми Тоҷикистон ва дўстдорони илму адабро сахт андуҳгин кардааст. Нафарони зиёде бо воситаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикони шоир изҳори тасаллият намудаанд.  Аз тарииқ телевизион изҳороти ҳамдардии Роҳбари давлат ба хонаводаи Бозор Собир ва супориш дар бораи ташкили маросими дафни марҳум пахш гардид.

Аммо дар ҳоле ки ҳама бо ғаму андуҳ дар суги шоири миллатанд, тудаи наҳзатиёни ифротӣ ва террорист бо ҳамон беинсофию бераҳмии барояшон хос ҳатто бо мурдаи шоир дар ҷанганд ва мехоҳанд дар ҳамин ҳолат ҳам иғво барангезанду манфиат ба даст оранд. Навиштаи аъзои ТЭТ ҲНИТ Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Мунофиқ кист? Ҷанозаи Бозор Собирро кӣ мехонад?», ки дар расонаҳои хабарии наҳзатӣ чоп шудааст, исботи гуфтаҳои боло мебошад. Вай дар як мақола ҳам кушиш кардааст, ки ба роҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатӣ туҳмат занад ва ҳам иғво барангезад, ки ҷанозаи шоирро хондан гўё амали ношоиста бошад.

Бояд чашми кури наҳзатиҳо медиду гуши кари онҳо мешунид, ки аз рўзи аввали бемории Бозор Собир Пешвои миллат супориши махсус дода буданд, ки барои кумак ба вай шахсони масъул тамоми тадбирҳоро андешанд. Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ва дар СММ барои иҷрои ин супориш сафарбар шуда буданд. Ба маълумоти М. Садриддини бесавод мерасонем, ки дар чунин ҳолатҳо дилхоҳ давлат маблағи зарурӣ дорад ва эҳтиёҷ ба пули кисаи ягон нафаре нахоҳад буд.

Ҳама шоҳиданд, ки солҳои охир Роҳбари давлат нисбат Бозор Собир то кадом андоза қадрдонӣ намуда буданд ва он ҳама маҳз барои ашъори баланду ватандўстонаи шоир буд. Амалҳо ва дастгириҳои Сарвари давлат нисбат ба Бозор Собир ва умуман шоирони тоҷик ниҳоят самимона ва адабдўстона мебошанд.

М. Садриддин нашармида калимаи мунофиқро дар матлабаш истифода мебарад. Аммо мунофиқ худи ў ва наҳзатиҳои дигари ҳаммаслакаш мебошанд, ки аз номи дин суиистифода карда, мехостанд мақсадҳои ғаразнокашонро ба даст оранд. Инҳо ба хотири пулу мол ватану миллат ва  мазҳаби худро ҳам фурухтаанд.

Ду сол пештар, ҳангоми ҷашнҳои наврўзӣ Бозор Собир дар Душанбе қарор дошт ва маҳфили адабии вай доир гардида буд. Он вақт ҳам наҳзатиҳо бо мақсадҳои манфури иғвоангезонаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки оё ба шаби эҷодии шоир касе меояд? Аммо дар маҳфили шеъри устод Бозор Собир, ки дар театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуда буд, чунон одам ҷамъ шуд, ки ҷойи нишаст нарасид. Одамон ҳатто дар беруни дар монда буданд.

Акнун ки Бозор Собир вафот кардааст ва тибқи дастури Пешвои миллат ва хоҳиши наздиконаш, маросими ҷанозаи ў дар шаҳри Душанбе доир мегардад, беҳтараш наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллат хомуш бошанд ва ҳар гуна ақидаҳои пучу ихтилофбарангези худро баён накунанд.

Ҷанозаи Бозор Собир кори наҳзатиҳо нест. Ў шоири миллат аст ва роҳбарияти Тоҷикистону тамоми мардуми кишвар мурдаи уро соҳибӣ мекунанд. Мутмаин ҳастем, ки маросими ҷанозаи Бозор Собир бо иштироки роҳбарон, аҳли илму адаб, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеъа ва мардум доир мегардад. Албатта садҳо олимони воқеии дин (на ифротиёни наҳзатӣ) ҳозиранд, ки ҷанозаи шоирро хонанд. Зеро шоир тамоми умри худ танҳо дар хизмати халқ буд ва барои ватану миллат шеър мегуфт.

 

Парвизи Мирзо

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:418
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7321
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60874
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7702794

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?