Матни равон

Мақоли маъруфест, шояд дар овардани шакли дурусташ иштибоҳ намоям, лекин аниқ ба ин маънист, ки «чашидани заҳр камоли аҳмақист».

Миллати тоҷикро як бор дар ин роҳ бурданду заҳр чашониданд. Ончунон сахт омад, ки 150 ҳазор фарзандаш қурбонии ин «чошнӣ» гардид.

Ин заҳр дар симои наҳзатиҳои террорист  ва мафкураи ифротию ҷоҳилонаи аз қаъри асрҳо барои Шарқ меросмонда зуҳур кард. Ақлҳоро ба ҳаде тира сохт, ки ҳатто бар ҷаҳонбинии дунявии баъзе равшанфикрон, зиёиён ва аҳли илму адаби тоҷик чира гашт. Онҳо низ бо камоли содалавҳӣ ва зиракии даме аз даст додаи худ, маззаи онро чашиданд. Роҳии майдонҳои эътироз гаштанд. Ва чун майдон саросар аз ришу ҷелак пур шуд, онҳоро боадабона аз минбар поин карданду шиорҳои «Нест бод коммунист», «Нону ҷанозаи муаллим ҳаром аст», «Давлати исломӣ месозем» ва монанди инҳо пардадари гӯшҳо ва вирди забони муллоҳои ба ваҷдомада гаштанд. Дар як они воҳид фаромӯш шуд, ки ҳамин зиёиёни чанде муқаддам дарминбарбуда ва бо муллоҳо аҳди бародарӣ баста низ, ҳама коммунисту муаллим буданд. Он қадар заҳр миллати ҷафокашидаро чашониданд, ки осораш бо гузашти солҳо, ҳанӯз дар хотираҳо боқист.

Пирону ҳамақидагони эшон таъсири ин заҳрро дар дигар қавму миллатҳо низ озмуданд. Дар натиҷа одамият асари мағзҳои ақлбохтаро дар Сурия ва Ироқ, Либия ва Яман, Афғонистону дигар нуқоти доғи сайёра диду мебинад. Доманаи ваҳшонияте, ки наҳзатиҳо солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бар заданд, аз ҷониби дигар гурӯҳҳои террористӣ такрор ёфтаву пайваста «сайқал» дода мешавад. Бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан, бо завқ тамошо кардану аксбардорӣ ва наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакону наврасон омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гӯрмонанду бочказиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ, қир кардани одамон ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки аз ҷониби террористони наҳзатӣ анҷом дода мешуданд, аз ҷониби шогирдони имрӯзаи онҳо – ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави ифротгаро борҳо такрор шуданд.

Истеҳсолкунандагони ин заҳр имрӯз дар дили Аврупо қарор доштаву насли нави ҷавони миллатро ба чашидани он даъват доранд, тавшиқ мекунанд, моил месозанд. Террористи дирӯза акнун либоси демократӣ ба бар карда, он қадар аврупоиҳои содалавҳро фирефтааст, ки ба ӯ минбар медиҳанд, ҷои хобу нону об медиҳанд. Ӯ намедонад, ки муллотеррорист Кабирӣ фарзанди миллати тоҷик аст. Вале ғарқи мафкураи ақидаҳои ифротии динӣ море гашт, ки дар остини миллат парварда шуда. Оқибат ба он хиёнат кард. Хиёнат куҷо, барои нестиаш даст бардошт.

Акнун дар остини аврупоиҳо ҷо гирифтааст. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки Кабирӣ ҳамон террористест, ки дар кӯчаи Франкфурт ба шаҳрвандон бо корду табар ҳуҷум мекунад, метрои Лондонро метарконад ва дар Фаронса болои мардуми бегуноҳ мошини боркашро меронад. Шояд фардо фаҳманд, вале дерашон мешавад. Чуноне, ки имрӯз дар Фаронса дер кардаанд ва наметавонанд тӯдаҳои бо ақидаҳои ифротӣ заҳролудшударо идора кунанд.

Хиёнат ба Ватан, миллат, давлати миллӣ нобахшиданист. Алҳазар аз хиёнату хиёнаткорон. Алҳазар аз зодаҳои терроризм. Алҳазар аз онҳое, ки ҷавонони бесаводро фиреб додаю ба чашидани заҳр таҳрик медиҳанд. Ва боз мақолеро медонам, ки: «Дин - заҳр аст, ҷавононро эҳтиёт кунед» (тарҷума аз забони русӣ: «Религия – яд, береги ребят»).

 

Ноёбшои Фахриддин,

аспирант

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1585
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10675
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12957
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8289058

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?