21 Январ 2019
Имрӯз терроризм дар ҷаҳон доман паҳн кардааст.Террористон ҷавонони зудбовару соддалавҳро ба доми фиреби худ кашида, бо ваъдаҳои пуч ба гирдоби бало мепартоянд, аз Ватан, фарзандони дилбанд ва падару модари зор ҷудо месозанд.
Бо маблағҳои ночизу кирдорҳои хоинона онҳоро ба содир кардани амалҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ба куштору сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд. Онон шахсони тарсончаку фурӯхташуда буда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои ночиз мегиранд ва пешрафти миллатро нодида мегиранд. Асоси ин гуфтаҳо амалҳои ТТЭ ҲНИ ва роҳбарияти он, аз қабили Кабириҳо мебошанд. Бо маблағгузории хориҷиён Кабирӣ ва шариконаш мехоҳанд, сулҳу суботи кишварамонро халалдор кунанд. Тибқи маълумотҳо ТТЭ ҲНИ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон буд.
Ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар, ки тақдири миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барояш муҳиму азиз аст ба хубӣ дарк ва эҳсос менамояд, ки сари вақт некро аз бад ҷудо намудан бар зидди ҳамагуна зуҳуроти тафриқангезу ифротӣ вокуниш нишон додан вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ӯ мебошад.
Аз ин рӯ баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм муборизаи дастҷамъона намуда, баҳри солимии афкору андеша аз оила сар карда, кӯшиш ба харҷ диҳем
Дар асл мардуми тоҷик бофарҳанг, миллатдӯст буда, хостгори ҷангу ҷидол ва нооромиҳо нест,
Дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармост, мардум тинҷу осуда фаъолият бурда истодаанд. Сатҳи зиндагӣ низ зина ба зина боло рафта, дар сар то сари кишвари азизамон бунёдкориву ободонӣ идома дорад.
Мо, ҳар як узви ҷомеаи кишвар бояд чашми сару чашми диламонро боз карда, барои якпорчагии ин Ватан аз як гиребон сар бароварда хизмат кунем.
Дилрабо НОРМАТОВА,
мудири муассисаи давлатии таълимии
томактабии № 2-и шаҳри Гулистон