23 Январ 2019
Дар толори Мактаби санъати шаҳр ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон доир ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар соли 2018 доир гардид.
Дар ибтидо роҷеъ ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби Шӯрои собиқадорон Ҳайдар Муродов баромад намуда, рӯҳбаландии собиқадоронро дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат иброз намуд.
Зикр гардид, ки собиқадорони шаҳр тибқи дастуру супоришҳои фардосози Сарвари хирадманди Тоҷикистони соҳибистиқлол кору фаъолияти хешро густариш ва тақвият дода, баҳри баланд бардоштани рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии сокинони шаҳри Гулистон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова доир ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар давоми соли 2018-ум, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ-тарғиботӣ ва амсоли ин маърӯзаи муфассал намуд.
Дар музокираи маърӯза раисони ташкилоти ибтидоии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» Саодат Пӯлодова, кормандони тандурустӣ Олимҷон Султонов, хизмати давлатӣ Музаффар Бобоҷонов иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Бегзода иштирок ва баромад намуданд.