23 Январ 2019
Дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» ба ифтихори истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар озмун кадбонуҳои ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва соҳаи маориф иштирок намуда, навъи гуногуни таомҳои миллӣ, хӯришҳо, анвои шириниҳо ва монанди инро дар дастархонҳои идонаи миллӣ ба маърази ҳамагон манзур карданд.
Махсусан, хӯроки миллии қадимаи омочи сирдарёӣ, тунукчашӯрбои маорифчиён, дастархони ҷолиби чоруқдаррониён, хӯришҳои консоиҳо, фатиру чалпакҳои адрасмониён ба иштирокчиёни озмун писанд омада, кадбонуҳои беҳтарин дастархонҳои худро хеле ҷолиб муаррифӣ намуданд.
Ба иштирокчиён ва ғолибони озмун диплому туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд. Беҳтарин кадбонуҳои дастархон густурда барои иштирок ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.