25 Январ 2019
Дар толори Шабакаҳои барқи Суғд мулоқот доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳр, намояндагони худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, намояндагони ҷомеаи меҳнатии Шабакаҳои барқи Суғд ва Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» доир гардид.
Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода бо сухани ифтитоҳи оғоз бахшид. Сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Зикр гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шудаанд. Дар Паём махсус таъкид гардидааст, ки ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди маорифи шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов доир ба гарму ҷӯшон пазируфтани ҷавонони гулистонӣ аз ироаи Паёми навбатӣ ва азму суботи сокинони шаҳр дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои фардосози Пешвои муаззами миллат ибрози андеша намуд.