Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо аз қабили Наврӯзи байналмилал ва Меҳргон мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозад.

Иди Сада дар оғози даҳаи аввали баҳманмоҳ, яъне - 30-юми январ баргузор мешавад. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.  Тибқи ривоятҳо аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва ҷаҳидан аз болои он ривоҷ доштааст.

 

Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли сеюм аст, ки дар радифи ҷашнҳои миллиамон тибқи қонунгузории мамлакат бошукӯх таҷлил карда мешавад.

Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Хушбахтона, дар даврони истиқлолият маросиму ҷашнҳои миллии мо ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат карда,  дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолӣ ворид гардидаанд. Дар ин росто, наврасону ҷавононро тавассути ин анъанаҳои неки гузаштагонамон ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ ҳидоят менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» Паёми навбатии ояндасози Сарвари хирадманди мамлакатро гарму ҷӯшон пазируфта, имрӯз бо азму иродаи қавӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Дар ин радиф дар вилоятамон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ тақвият ёфта, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, моро ба густариши амалҳои созандагӣ ҳидоят менамоянд.

Алҳол, корҳои созандагӣ, хуррамгардонӣ ва ободониву кабудизоркунӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр рӯз то рӯз тақвият ёфта, баҳри ба як гӯшаи ободу хуррам ва нотакрор табдил додани шаҳрамон чорабиниҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар партави ояндасози сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ анъанаҳои неки меҳнатиро сармашқи кори худ карда, барои боз ҳам боло рафтани эътибор ва шуҳрати шаҳри саноатӣ ва сайёҳиамон бо неру ва ғайрати дучанд фаъолият хоҳанд кард.

Бори дигар ҳамагонро бо камоли эҳтиром бо ҷашни ниёгон – Иди Сада муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2412
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2606
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2412
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17703
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48674
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7781064

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?