Матни равон

Акбар Шариф соли  26-уми феврали соли 1963 дар ноҳияи Панҷи вилояти Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Аз моҳи августи соли 1994 то моҳи майи соли 1995 муовини сардабири ҳафтаномаи «Наврўзи Ватан» аз 7-уми августи соли 1995 муҳаррири барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.

Акбар Шариф нависанда, рўзноманигор ва олими тавоно буд. Ў дар баробари корҳои илмӣ – эҷодиаш ҳамчунин, барои бедории сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша талош менамуд.  Акбар Шариф аз хўрдӣ ба рўзноманигорӣ шавқу рағбати самимона пайдо намуда буд. Ў ҳанўз аз даврони мактабхонӣ дар дафтари махсуси худ мавзўъҳои мавриди алоқаашро дар он қайд менамуд. Устодонаш аз вай бо қаноатмандӣ ёд мекарданд. Ба гуфти баъзе аз ҳамкорон, замоне ки якумин маротиба мақолааш дар ҳафтанома ба нашр расид, шавқи пурэҳсоси рўзноманигорӣ ва нависандагӣ дилашро фаро гирифта буд. Аз ҳамон вақт сар карда тасмим гирифта буд, ки рўзноманигор ва нависандаи касбӣ шавад. Аслан вай мехост ўро ҳамчун рўзноманигор шиносанд. Ба гуфтаи худи Акбар Шариф, ки мегуфт: «Рўзноманигорӣ набояд бо навиштани чанд мақолае мадуд шавад». Ба дарки ў рўзноманигорӣ яъне, бо мардум будан аст. Дар шодиву ғами халқи тоҷик рўзноманигор бояд шарик бошад. Акбар Шариф гарчанде ҷавон буду на он қадар сини калон дошт, нисбати касбаш чунин хулосабарорӣ намуда мегуфт: «Рўзноманигор аз халқ асту халқ аз рўзноманигор».

Акбар Шариф касбашро хеле дўст медошт. Ў бо дарки амиқи масъулияти касбияш аз фаъолияташ ифтихор мекарду аз интихоби касби дар пешгирифтааш изҳори қаноатмандӣ мекард. Акбар Шариф зарурати шадиди фаъолияти рўзноманигорӣ ва нависандагиро дар солҳои бесарусомониҳои шаҳрвандӣ амри зарурӣ ва саривақтӣ меҳисобид. Ҳама роҳбарон ва ҳамкорон таҳсинаш мехонданд. Ин рўзноманигори ҷавон мушкилӣ ва сабабҳои он ҳама бетартибиҳоро дарк карда, дар фаъолияти худ мардумро ба сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва хештаншиносӣ даъват менамуд. Дере нагузашта Акбар Шариф дар ҷаҳони расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ машҳур гашт. Қаламаш нисбати ноадолатиҳои гурўҳҳои силоҳбадастони худхоҳу ғаддор шамшери тезу бурроро мемонд. Гарчанде дар он солҳо ҳама чунин иродаро надошт, вале ў хеле собитқадам ва шуҷоъу боирода буд. Шуҷоати адабии ў ҳамкоронашро дар ҳайрат мегузошт. Акбар Шариф чанд  маротиба аз тарафи гурўҳҳои зери танқидаш қарордода таҳдид таҳдидҳо ҳам пай бурда буд. Вале ў аз муборизаи қаламӣ даст накашид. Баръакс, акнун вай дарк мекард, ки муборизааш бо чунин афроди тахрибкор натиҷае додаст.

Акбар Шариф дар муҳити кораш бо устодон, ҳамкорон ва шогирдонаш хеле боадабона рафтор мекард. Бархе ҳамкоронаш ҳадс мезананд, ки баъзан вақт Акбар Шариф хеле табиати шўх дошт. Аммо дар фаъолияти касбияш хеле ҷиддӣ муносибат мекард.

Акбар Шариф ҳамчун рўзноманигор дар дигар ҳафтаномаҳо низ мақолаҳояш ба нашр мерасиданд. Вай фаъолияти касбии хешро дар ҳафтаномаи «Наврўзи Ватан» оғоз кардааст. Ў аз аввали фаъолияташ вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии мардум дар мақолаҳояш инъикос мегашт.

Акбар Шариф шахси бомаърифат, худогоҳ ва хештаншинос буд. Вай ҳамеша халқи тоҷикро ба адами бегонапарастӣ даъват менамуд, ки дар солҳои растохези ҷанги шаҳрвандӣ гурўҳҳои манфиатҷўи хориҷӣ фаъолияти тарғиби ғояҳои сиёсӣ ва фарҳангии худро то ҳад ҷоннок менамуданд. Шодравон хеле рўзноманигори зиндадил буду ба ояндаи миллати тоҷик беандоза хушбин

Соли 1996 бо фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба ҳалокат расонида шуд.

 

 

Акрамов Рустам. сокини ш. Душанбе

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1489
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2968
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7792
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21814
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:72372
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:89866
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1786097

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?