Матни равон

Дар ҷаҳони муосир тамоми ҷанбаҳои мутараққӣ дар асоси ғояҳои сирфан илмӣ – бунёдӣ, орӣ аз таассубу хурофот ва назари воқеъбинона ба вазъи мавҷуда асос ёфтааст. Беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ низ омили  рушду тақаддум мебошад. Пас бояд ҳар миллати соҳибтамаддун фарҳанги суннатии хешро беолоиш бипазирад ва дар асоси он насли соҳибтамаддуни миллии хешро боқӣ гузорад.  Нигоҳдории фарҳанги ноби як миллат ба осонӣ ба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳанг ва тамаддуни тоҷикиро бо масъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣ бо баҳои хуну ҷон аз вартаи оташ то имрӯз раҳонидаанд, ки боиси ифтихор аст. Илова бар ин, масири таърихии фарҳангдории тоҷикон ҳамчунин хиёнатҳоро низ аз сар гузаронидааст, ки сабаби шикасти равонии миллати тоҷик гаштаву миллати тоҷик эътимоди ирсии қудрати хешро аз даст дод.

Яке аз марҳилаҳои таърихии шикасти равонии миллати тоҷик бармегардад ба Аморати Бухоро – даврони ҳукмронии сулолаи манғитӣ. Акнун ин Бухоро на он Бухорои даврони Сомониён буд. Ин Бухорои манғитӣ буд, Бухорои хурофот буд. Дар замони сулолаи манғития миллати тоҷик камоли беэҳтиромиро нисбати худ пай бурда буд. Тайи 200 соли сулолаи манғитӣ зеҳни мардумро ба ғуломӣ бовар кунониданд. Кӯдаке аз оилаи тоҷик ба дунё меомад, нусхаи сарнавишти падарашро дар манзараи ғуломӣ дар худ тасаввур ва қабул мекард, ки зикраш хеле дарднок аст. Барои миллат ҳуқуқ гуфтанӣ ҷузъи арзишҳои маънавӣ вуҷуд надошт. Динро барои мардум нисбати худ ҳам сипар ва ҳам шамшер истифода ва шарҳ медоданд. Мардум ба донишҳои маҳдуди вазъи даврони обшинаи ибтидоӣ талқин менамуданд. Воқеан, халқи тоҷик ба наҷотдиҳандае ниёз дошт.

Замонаш фаро расиду бо кӯмаки артиши сурх миллат аз банди ғуломӣ ва бардагӣ озод гашт ва барои поксозии сарзаминаш остин барзад. Дар ин ҳангом дастаҳои манфиатҷӯ ва истисморгарони Аморати Бухоро – Амир Олимхон бо роҳзанони маҳаллиаш гурӯҳҳои ғоратгари «ғазоталабон» - ро ташкил кард. Ба ин гуруҳҳои «ғазоталабон»  босмачӣ ном гузошта шуданд. Манфиати асосии ин босмачиҳо ва «ҳомиёни Ислом» гаравидан ба чунин гурӯҳҳо ин буд, ки аз маҳаллаҳои тороҷкардаи худ аз «ғанимат» - ҳо баҳра баранд ва дар сурати «нусрат» ёфтанашон насибашон мансабҳои калон аз тарафи амири бетахташон мешуд. Инҳо на ҳадафи дифоъ аз арзишҳои динӣ балки ҳадафи дифоъ аз арзишҳо нафсӣ доштан. Ҳама гурӯҳҳои босмачиёнро афроди манфиатдори ҳукумати истисморгари собиқ роҳбарӣ мекарданд. Аммо гурӯҳҳое, ки бар зидди ин ҷонварони девсират муқовимат нишон медоданд, ҳама заҳматкашон ва аҳолии одӣ будан. Аксари шумораи отриядҳои муқовиматиро дастаҳои ихтиёрии мардум, онҳое ки дар номусашон, ҷонашон, хешовандонашон ва молу амволашон таҷовуз роҳ дода шуда буданд, ташкил медод. Босмачиҳо шикаст хӯрданд. Чунки афкорашон сари худашонро чу гирдоб хӯрд. Пирӯзӣ насиби мардуми заҳматкаш гашт.

Ҳоло бошад аз ҳар гӯша сару садоҳо ҷиҳати дифоъ аз аъмол ва афкори шуми онҳо шунида мешавад, ки хеле ҷои таассуф аст. Ворисони босмачиён имрӯз дар симои ашхоси соҳибмаърифату ботамаддун худро мехоҳанд рӯи саҳнаҳои сиёсат кашанд. Аммо асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаан. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд ки дар гузашта қувваи торикии аҳриман гуфта мешуданд. Ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ТТЭ ҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ бар сар мекашад нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сахтӣ истиқлолияти ҳудудӣ ва маънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст. Намехоҳанд миллат ҷон гирад. Намехоҳанд модар бо кӯдакаш дар маҳалли зисташ озод гашту гузор намояд. Онҳо намехоҳанд зеҳни миллати тоҷик фориғ аз мавҷудияти эҳтимоли хатар бошад. Аммо муваффақ нахоҳанд шуд. Ҳаргиз бадӣ некиро ғолиб наёмадааст.

 

Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2159
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15256
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17051
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38690
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:70848
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1592618

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?