Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ин рӯйдод дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба сохтори боэътимоди ҳарбӣ муваффақ шудем. Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми бисту шаш соли гузашта бори сангини масъулияти эҳё намудани Артиши Миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қабили, Қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

 

Аз оғози таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.

Имрӯзҳо даҳҳо нафар ҷавонписарони гулистонӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ даҳҳо нафар ҷавонписарони баору номусу нанг аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд.

Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд. Ҳамчунин кумитаи волидайн бо аскарбачаҳои гулистонӣ ҳамеша робита дошта, корҳои ҳарбию ватандӯстиро пеш мебарад.

Ба ифтихори 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ сокинони шаҳру шаҳракҳо, собиқадорони ҷангу Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, аскарон ва афсарони қисмҳои ҳарбиро самимона табрику таҳният менамоям. Ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, хизмати фидокорона, садоқати ватандӯстона, сулҳу амнияту осоиш ва комёбиву пирӯзиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни Ватан!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2037
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3923
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17134
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45693
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7778083

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?