Матни равон

Модарони азиз!

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

 

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақеи занон ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро Сарвари давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва бонкдориву ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз вай мебошад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аллакай як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равияро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Алҳол 50 дар сади аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 150 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Тамоми модарону бонувони гулистониро ба ифтихори ин иди фархунда – Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рӯзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназири фаъолияту зиндагӣ орзумандам.

Идатон муборак бошад, модарони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1489
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3524
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5013
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20280
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50739
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:69931
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1674598

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?