Матни равон

Дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Арванд”-и ҶДММ “Осоишгоҳи “Баҳористон” бо иштироки иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати кор боҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов табрикоти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба модарон ва бонувони гулистонӣ манзур намуд.

Сипас иҷрокунандаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода модарони мушфиқ ва бонувони шаҳрро бо Рӯзи модар самимона табрик кард.

Зикр гардид, ки Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақеи модар-зан ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро Сарвари муаззами давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва бонкдориву ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равандро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Алҳол 50 дар сади аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 150 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони шинохтаи вилоят барномаи рангину марғуби консертиро манзури модарону бонувон гардонида, ба ҳар як нафар иштирокчии чорабинӣ туҳфаҳои Раиси шаҳри Гулистон супорида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2041
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2854
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2041
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:60761
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1924657

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?