Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар он кормандони рӯзномаи расмии шаҳри Гулистон - нашрия мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр “Соҳил”, кормандони васоити ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ ва кормандони матбаа, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкории тарафайни судманд доранд, ширкат варзиданд.

Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода рӯзноманигоронро бо таҷлили иди касбиашон шодбош намуд. Тазаккур гардид, ки дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори омма, ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, нақши барҷаста дорад. Инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.

 

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа воситаҳои ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст. Алъон, дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Зимни суханронии худ иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода инчунин фаъолияти ягона воситии ахбори оммаи шаҳр - “Соҳил”-ро мавриди таҳлил қарор дода, зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр матбуотро ба таври доимӣ дастгирӣ мекунад, барои беҳтар шудани шароити меҳнатии рӯзноманигорон, базаи моддию техникии идораи рӯзномаи расмии «Соҳил» ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад. Хурсандиовар аст, ки нахустин шумораи рӯзномаи расмии шаҳр «Соҳил» маҳз дар даврони истиқлолият бисту як сол муқаддам, бо ташаббуси рӯзноманигор Илҳом Раҳим нашр гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шурӯъ аз соли 2017 бошад, ҳафтанома ба тарзи офсетӣ ва дуранга, бо теъдоди як ҳазор нусха бо сифати баланд нашр мегардад. Дар давоми бисту як соли мавҷудияти худ қариб ҳазор шумораи он дастраси муштариён гардидааст, ки дар ин росто заҳмати зиёди аҳли эҷод ва мухбирони ҷамоатии ҳафтанома баръало ба назар мерасанд. Имрӯз, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар тӯли бисту як соли арзи вуҷуди худ «Соҳил» тавонист, ҳадафҳои ташкилёбии худро пиёда намояд. Маҳбуби гулистониён гардад. Дар ин замина, изҳори итминони комил карда шуд, ки ҳафтавори «Соҳил» минбаъд низ дар кори баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони шаҳру шаҳракҳо, инчунин тарғибу ташвиқи комёбиҳои халқу кишварамон дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти худро густариш дода, барои таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявиамон хизматҳои шоиста хоҳад намуд.

Дар вазъи тантанавӣ ба 21 нафар кормандони васоити ахбори омма ба ифтихори Рӯзи матбуот туҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар навбати худ рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ ва Лутфия Неъматзода аз номи рӯзноманигорон барои ғамхории пайваста ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар рушди бонизоми матбуоти даврӣ изҳори сипосмандӣ намуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:829
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2840
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:829
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19430
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43009
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:60761
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1903571

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?