Матни равон

Сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар шафати роҳи асосии кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бо гузоштани хаймаҳои наврӯзии ҷамоати шаҳраҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.

Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон ва Зарнисор бо дастаҳои ҳунарӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ оину русуми наврӯзии марбут ба маҳалли зисти худ намоиш дода, сокинон ва меҳмононро бо он ошно намуданд. Ҷомеаҳои меҳнатии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, Шабакаҳои барқи Суғд, ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон”, КВД “Осоишгоҳи Шифо” дасторхонҳои ҳафтсину ҳафтшини пурғановатро манзури ҳамагон намуда, намояндагони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ намунаи анъанаҳои қадимии наврӯзиро хеле ҷаззоб ва ҷолиб ба маърази тамошо гузоштанд. Меҳмонон аз завқи наврӯзӣ ва рӯҳияи болидагии мардуми гулистонӣ ба ваҷд омада, ба маҳорат ва малакаи дасторхонороӣ ва пазироии онҳо аҳсант хонданд.

 

Дар майдони назди шуъбаи маорифи шаҳр тантанаҳои идонаро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Муқаддам Ҳошимзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба гулистониён манзур намуд.

Зикр гардид, ки таҷлили ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуд. Дар ҳақиқат Наврӯз иди бузургтарини миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баракати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, љойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангии соли равон, ки мо онро љашн хоҳем гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ ба таљлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тољикистон, эълон шудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ин солгарди таърихӣ аз ҳамагон тақвияти корҳои созандагиву бунёдкоронаро тақозо дорад.

Дар қисми адабӣ-бадеии тантанҳои наврӯзии гулистониён санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва санъаткорони номии вилоят барномаи марғуби консертиро таҳти унвони “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!”-ро манзури ҳамагон намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1955
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13129
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41688
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7774078

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?