Матни равон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии  мардуми тоҷиктабор ва як қатор кишварҳоест, ки дар фарҳангу тамаддунашон инсонсолорӣ ва зиндагидӯстист. Ин  ҷашни куҳансол ба навиштаи муҳаққиқон таърихи на камтар аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ҷашни ҷаҳонӣ аст, зеро рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб, шукуфтанҳост.

 

Наврӯз мардумро аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад. Наврӯз рўзи 21-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои тоҷиктабор ва дигар кишварҳои олам таҷлил мешавад. Наврӯз воқеан ҷашни хурсандию ободӣ ва таваллуди зиндагист.

Аммо то ҳанӯз дар ҷомеаи инсонӣ гурӯҳу нафарони ноогоҳу курдил зиндагӣ доранд, ки тавони дидану пазируфтани хушҳоливу  хурсандии мардуми олам, аз ҷумла тоҷиконро надоранд. Яке аз чунин гурўҳҳои золиму бадгуҳар террористони наҳзатӣ ҳастанд, ки дар ҳамин шабу рӯзи нишоту фараҳи мардуми Тоҷикистон бо паҳн кардани ҳар гуна музахрафоти бепояашон мехоҳанд ҳаёти осоиштаро халалдор созанд. Бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ин ҷашни қадимаи инсониятро, ки реша дар инсонмеҳварӣ ва зиндагипарастӣ дорад, инкор намоянд. Ин як тактикаи наҳзатиёни террорист аст, ки ду даҳсолаи охир дар ҷомеа анҷом медиҳанд. Новобаста ба ин ифротгариҳову муқобилиятҳои террористони наҳзатӣ Наврӯз дар гузашта ва имрӯз ба унвони як ойини миллӣ, миёни мардуми тоҷику тоҷикистониён ва ҷаҳон маҳбубияти хос дорад.

Наврӯз дар гузашта ва ин замон низ ба дину мазҳаб ҳеҷ мухолифате надошт ва надорад. Дар айёми Наврӯз амалҳои хонатаконӣ, оштикунии каҳрихо, шуруи корҳои деҳқонӣ, аёдати беморону куҳансолон, ба ятимон тӯҳфа додан барин одатҳои хуби ахлоқӣ анҷом дода мешавад, ки ҳамагӣ  барои ба ҳам омадани инсонҳо ва беҳтар гардидани зиндагӣ мебошанд.

Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯзро пазируфтааст, зеро он ҷашнӣ зиндагию рушду нишот аст. Ин ҷашн рамзи ободию озодӣ ва хуррамию хурсандист. Аммо роҳбарону масъулони ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки мақсадҳои табоҳкорона ва харобиовар доранд, Наврӯзро қабул надоранд ва душмани он ҳастанд. Яъне ин наҳзатиҳои палид душмани зиндагию ободӣ ва пешрафту саодатмандии инсонҳоянд. Маълум аст, ки ин тудаи бадандеш ҳаргиз ба мақсади шуми худ нахоҳанд расид. Зеро ҳамеша неруи некӣ бар бадӣ ғолиб меояд.

 

Хуршеди Мурод

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1582
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12756
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41315
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7773705

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?