Матни равон

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин мавзеъ дар доираи эълони солҳои 2019 -2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфта, дар масоҳати 5 гектар ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои датшӣ (фазан) гирд оварда шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ дар масоҳати 8 бар 5 метр бо баландии 3,9 метр бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар ин мавзеъ гирдовардашуда дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Роҳравҳои ин мавзеи дилфиреби сайёҳӣ дар масофаи 190 метр бо сангҳои гуногуни ороишӣ рӯпӯш гардидаанд, ки хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар ин минтақаи истироҳатию сайёҳӣ бо мақсади нигоҳубин ва намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ дар масоҳати 50 бар 50 метр ва нуқтаи гигиенӣ — санитарӣ бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди вилоят дастуру супоришҳои мушаххас доанд.

Тавре таъкид гардид, феълан дар вилояти Суғд барои қабул ва ташкили истироҳату сайёҳати меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дорад ва ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол аз сол тавсеа дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардидааст ва дар ҳамин замина барои боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳии соҳилӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову хушманзараи сайёҳии наздисоҳилии вилоят ва дар ин росто ҷалби ҳарчи бештари шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба сохилҳои дарёи Сир мавзеъҳои истироҳатию ҷазираҳои сайёҳӣ бо шароиту имконоти муосир бунёд карда мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1565
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2968
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7868
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21814
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:72448
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:89866
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1786173

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?