Матни равон

Санаҳои 18-20-уми апрели соли равон дар маркази шаҳри Гулистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Гулистон дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларза» баргузор гардид.

Дар давоми се рўз дар се марҳила тавассути панҷ бонги шартӣ дар машқ қувва, техника ва воситаҳои сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр ҷалб гардида, ҳамоҳангии онҳо ҳангоми сар задани ҳолати фавқулода пурра санҷида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар рафти машқ фаъолияти Комиссияҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода ва эвакуатсионӣ бори аввал нишон дода шуд.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки дар давоми рўзҳои гузаронидани машқ ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва аҳолии маркази шаҳр фаъолона иштирок намуда, барои омода будан дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода дониш ва малакаи худро ба таври амалӣ такмил доданд.

Дар марҳилаи сеюми машқи мазкур беш аз 32 техникаи махсусгардонидашуда ва нақлиёти мусофиркаш, гурўҳи махсуси наҷотдиҳангон, хадамоти таъиноти махсус, сокинони маҳаллаи 4-и маркази шаҳр, теъдоди зиёди намояндагони муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар варзишгоҳи марказии шаҳр шаҳраки хаймавӣ барои қабули зарардидагони эҳтимолӣ ташкил карда шуда, барои онҳо шароитҳои мувофиқ барои буду боши муваққатӣ ва расонидани кумакҳои тиббию равонӣ муҳайё карда шуданд.

Дар ҷамъбасти машқи мазкур Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баромад намуда, ҷараёни амалиётҳои машқи мукаммалро ҷамъбаст намуда, барои мусоидат дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур ба афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои зернизомӣ, ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту идора, корхонаву муассисаҳо ва кулли иштирокчиёни тамрин изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар фарҷом ба фаъолони машқи мазкур Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4060
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16240
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49839
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691759

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?