Матни равон

САНОАТ: ТАЛОШУ ТАРАДДУД –САМАРИ ЧАШМРАСМусаллам аст, ки Қайроққум миёни шаҳру навоҳии мамлакат чун шаҳри рушдёфтаи саноатӣ, ба виҷа саноати маъдани кӯҳӣ шинохта шудааст.Буҷаи шаҳр низ аз бисёр ҷиҳат иртиботи қавӣ пайдо мекунад аз фаъолияти мӯътадили ин самт ва аз ҳамин ҳисоб масоили мубрами иҷтимоии шаҳр ҳаллу фасл мешавад.

Мушоҳидаҳо аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дар ҳамаи самтҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки дурнамои соҳа боз хам шаффофтар буда,  аз ин ҳисоб иқтисодиёти шаҳри Қайроққум рушд хоҳад кард. Масалан, дар панҷ моҳи сипаришудаи соли равон кулли корхонаҳои саноатии шахр сарфи назар аз моликияташон тавлиди маҳсулотро ба мабалғи 438 миллиону 15,6 ҳазор сомонӣ ба роҳ мондаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014  32,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба андешаи Фазлиддин Орипов, мудири бахши саноат ва энергетика омили асосӣ ва чашмраси ин пешравӣ аз ворид кардани хатҳои нави технологии муосир ва таҷҳизотҳои истеҳсолии такя бо инноватсия насбшуда мебошад. Яъне имрӯз истеҳсолоти кишвар дар як ҷо қарор нагирифта, дар заминаи пешрафти илму техникаи ҷаҳонӣ, баробар бо ҳамкасбони кишварҳои хориҷӣ муваффақ қадам мегузорад. Маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон: чи ашёи хому чи маводи тайёр ҷавобгӯй ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ мебошад. Баъдан шомилшавии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ ба рақобати басо шадиди бозори ҷаҳонӣ тоб оранду дар заминаи талаботи рӯз фаъолият кунанд.

Дар  Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои иҷтимоӣ-зиндагии шойистаи аҳолии кишварро дар сархати масъалаҳо ҷой дод, ки ин беваҷҳ нест. Зеро мардуми мамлакат имрӯз сазовор аст зиндагию рӯзгори осуда ва шойиста дошта бошад. Ҷиҳати расидан ба ин мақсаду маром Сарвари давлат дар назди масъулини соҳоти гуногун, ба  виҷа саноат вазифа ва ӯҳдадориҳои мушаххас гузоштааст, ки татбиқу иҷрои онҳо, бешубҳа чунин ниятро насиб мегардонад. Яке аз вазифаҳои амиқ, ин бунёд ва ё таъсиси коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ва дар ин замина муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ бо гирифтани музди меҳнати сазовор аст. Шароит фароҳам омад, ки дар панҷ моҳи соли равон дар қаламрави шаҳр феълан се коргоҳи истеҳсолӣ бо пайдо шудани зиёда аз 30 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирад. Яке аз ченакхои асосии пешбурди зиндагии шойиста, ин албатта, музди моҳонаи сазовор аст, ки дар ин ҷода низ ҳоло шаҳри Қайроккум дар микёси мамлакат мақоми арзанда дорад. Масалан, агар хисоби миёнаи музди меҳнат дар саноати шаҳр дар ҳамин давраи соли 2014  882,9 сомонӣ бошад имрӯз он ба 915,1 сомонӣ расидааст, яъне суръати афзоиш чашмрас мебошад.

Ворид кардани хату технологияҳои замонавии ҷавобгӯй ба бозори ҷаҳонӣ низ чуноне, ки дар боло ишора рафт аз ҷумлаи дастурҳои мушаххаси Президенти мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар Паём равшан инъикос ёфтааст. Тибқи иттилои бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум соли 2015 бояд дар 8 корхонаҳои навтаъсисёфта технологияҳои куллан муосир васл шуда ба истеҳсолот пардозанд. Ҳоло татбиқи ин дастур дар панҷ корхонаи истеҳсолӣ амалӣ шудааст.

ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» воқеъ дар шаҳраки Зарнисор бо  дастовардҳои хуби истеҳсолӣ миёни дигар корхонаҳои саноатии шаҳр мақоми аввалро касб карда, дар ташаккули буҷаи шаҳр, корҳои ободонӣ ва созандагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ накши муассир дорад. Натиҷаи ба даст овардаи корхона дар ин панҷ моҳи гузаштаи соли равон ҳам аз он бозгӯӣ дорад, ки роҳи пешгирифтаи корхона ҷиҳати афзунбахшии истеҳсолот қобили кабул мебошад. Худ қазоват кунед, ки аз миқдори умумии 438 миллион сомонӣ маҳсулоти истеҳсолшудаи соҳаи саноати шаҳр зиёда аз аз 323,8 миллионаш ба ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» рост меояд. Суръати афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 110,9 ва дар ҳаҷми 32 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Шумораи кормандон феълан дар ин ҷо ба 1 ҳазору 886 нафар расида, дар ду соли охир  аз ҳисоби мутахассисони маҳалӣ ҳайати муҳандисии худро пурра месозад. Музди меҳнат дар ин ҷо ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазору 179,7 сомонӣ расидааст, ки болотарин миёни соҳа аст.

Нишондиҳандаи панҷ моҳи саноати шаҳр, таҳлил ва мушоҳидаҳо ҳанӯз пурра истифода набурдани захираву имконотҳоро бозгӯйӣ мекунанду чандин нуқсонҳоро пеш меоранд, ки дар мадди назари масъулин қарор гирифтани онҳо ба манфиати кор аст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1872
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17218
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41221
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199976

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?