08 Июл 2015
Аз нишасти матбуотӣ, ки бо ширкати васеи хабарнигорони маҳалливу ҷумҳурӣ оид ба натоиҷи хоҷагии халқи шаҳри Қайроққум ба шаш моҳи сипаришудаи соли равон бахшида шуд ҳамин маънӣ ҳувайдо мешуд.
Бо теъдоди чунин ҳайати хабарнигорони васоити ахбори умум ва бо чунин сатҳ бори аввал нишасти матбуотӣ дар шаҳр доир гашт, ки ба ҳозирин таассуроти неке боқӣ гузошт. Ҷараёнгирии нишасти хабарӣ бо чунин теъдоди ҷурналистон албатта, ин шаҳодат аз ҷомеаи демокративу озодии баёни шаҳрвандони Тоҷикистон гувоҳӣ бахшида, дурустии амри Сарвари давлатро ҷиҳати гузаронидани нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон дар ҳар шаш моҳ нисбат ба фаъолияти шаффоф дар соҳоту сохторҳои гуногуни кишвар собит месозад.
Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳр дар оғози доиршавии нишасти матбуотӣ дар баробари пазиройии самимии кулли хабарнигорони васоити ахбори умум мухтасар аз фаъолияти соҳоти хоҷагии халқи шаҳри Қайроққум дар нимсолаи аввали соли 2015 гузориш дод. Бино ба гузориши раис дар шаш моҳи соли 2015 ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 37,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт , ки он ба 103 дарсади нақша баробар мебошад. Суръати афзоиш дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 107, 4 дарсадро ташкил дод, ки ин худ шоҳиди пешравист. Дар ин давра дар қаламрави шаҳр 5 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бо таъсис ёфтани наздик 100 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Баъдан хабарнигорон худ бевосита оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва имрӯзу фардои шаҳр ба Матлубахон Амонзода суолҳои худро ироа доштанд, ки онҳоро ба таври мӯъҷаз манзури шумо хонандагони азиз мегардонем.
Тилав Расулзода, хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз вазъи кунунии корхонаи маъдантозакунии шаҳраки Адрсмон ҶСШК «КМА» суол кард.
Раиси шаҳр дар посух ба ин суол иброз дошт, ки корхонаи мазкур соли сеюм аст, ки аз фаъолият бозмонда ҳолати ногувор дорад ва ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан тамоми сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар талошанд, ки дар ин самт натиҷаи мусбиеро ноил шаванд. Рӯзҳои наздик ба хотири баррасии қазияи мазкур Вазоратҳои хориҷии ду кишвар машғул хоханд шуд. То охири соли равон масъалаи «КМА» ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Бо дарназардошти эълон шудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» хабарнигори радиои «Замон» Абдуҳамид Ҷӯраев аз Раиси шаҳр оид ба солимии оила, бақои оиладорӣ суол пеш овард.
Дар ин ҷода шаҳри Қайроққум корҳои зиёди муассирро анҷом додааст, ки қобили дастгирӣ мебошад.
Суолҳои ҷурналистон Саидҷон Сулаймонов аз «Согдийсая правда» ва Мирзоаъзам Мақсудов аз «Минбари халқ» оид ба корҳои анҷомдодашуда дар масъалаи ободии роҳҳо ва чи будани мавзӯи асосии муроҷиати шаҳрвандон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буданд.
Матлубахон Амонзода дар посух ба ин суолҳо гуфт, ки соли равон барои таъмиру тармими роҳҳои шаҳр нақшаҳо тарҳрезӣ шуда, татбиқи онҳо беҳбудӣ мехоҳанд. Ҳамзамон рӯзҳои наздик масоҳати муайяни кӯчаҳои марказии шаҳр мумфарш хоҳанд шуд.
Муроҷиати шаҳрвандон асосан ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буда, дар ин масъала соли равон дар мавзеҳои Сомғор ва Чоруқдаррон ба аҳолӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
-Имсол ба заминларзаи Қайроққум, ки моҳи октябри соли 1985 ба амал омада буд, расо 30 сол мешавад, оё ба ин муносибат Рӯзи ёдбуд ва ё ягон чорабинии дигар дар назар дошта шудааст?- суол пеш овард Лумониддин Камолиддинов, хабарнигори ҳафтаномаи «Саломат бошед».
Ин масъала ҳаргиз аз мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳр дур намондааст,- таъкид дошт Раиси шаҳр ва ба ин муносибат моҳи октябр баргузории чанд чорабинии ёдбуд дар нақша ҳаст.
Дар ин фосилаи вақти сипаришуда ҷиҳати рӯзгори осоиштаи мардум чи корҳои мушаххас дар шаҳр анҷом дода шудааст, Оё баҳри сабзу хуррам ва ба фароғатгоҳи ҳақиқӣ мубаддал сохтани боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик чи тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд, чаро кӯчаҳои асосии шаҳр бо таври бояду шояд гулкорӣ намешаванд, инҳо буданд он суолҳое, ки муаллифи гузориши мазкур ба Раиси шаҳр ҳавола кард.
Сарфи назар аз мушкилоти пешомада, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ,- таъкид дошт Раиси шаҳр, ҷиҳати рӯзгори осудаи шаҳрвандон, фаъолияти босамар дар муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳо шароити мӯътадил ҳукмрон буд, то ин ки онҳо саривақт бо дастрасии музди меҳнат, фароғат ноил гарданд. Шаҳри Қайроққум миёни дигар шаҳру навоҳии вилояту ҷумҳурӣ аз ҷумлаи донор буда дар баробари таъмини мардуми худ бо маошу нафақа, ҳамзамон дар дастгирии буҷети шаҳру навоҳии субвенсионӣ саҳм мегузорад.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик танҳо дар суръати соҳибмулки худро ёфтан метавонад ободу хуррам шавад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр феълан чунин имкон надорад. Дар масъалаи гулкорӣ низ мутаассифона, нарасидани маблағ монеаи асосист.
Мавлуда Рофиева, хабарнигори оҷонсии «Азия плюс» оид ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз- вазъи ташноб ва резиши оби он ба баҳр пурсон шуд.
Барои ҳаллу фасли ин қазия барномаи мушаххас тарҳрезӣ шуда татбиқи он аз соли 2017 оғоз меёбад,- посух дод Раиси шаҳр.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҳамзамон ҷурналистон Раънои Муҳаммад аз маҷаллаи хусусии «Кайҳон», Маъруфи Бобораҷаб, «Минбари халқ», Облоқул Мӯсоев, «Суғд ҳақиқати» дар иртибот ба масоили мубрами соҳаи маориф, шомил шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои ҷудоиандоз, норасоии мутахассисон дар соҳоти маорифу тандурустӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олӣ тавассути марказҳои миллии тестӣ ба Раиси шаҳр суол дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум барои ширкати фаъолона дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони васоити ахбори умум изҳори сипос намуд ва ба ҳамкории судманд даъват кард.