Матни равон

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таҳлили вазъи рушди ноҳия нишон медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар самти пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Мӯъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2016-2019 бунёди 182 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз иншооти ба нақша гирифташуда 32 иншоот пурра анҷом ёфта, корҳои сохтмон дар 41 иншоот идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки барои татбиқи тадбирҳо ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида,  захираҳои дохилиро низ самаранок истифода баранд.

Дар маркази ноҳия ва деҳоти он сохтмону навсозии маркази хизматрасонӣ бо сехи дӯзандагӣ, коргоҳи коркарди шир, якчанд маркази хизматрасониву бозор ва мумфарш кардани як километр роҳи шаҳраки Мӯъминобод, маркази саломатӣ дар деҳаи Тутқавул, толори варзиш ва озмоишгоҳ дар назди гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”, маркази омӯзиши касбу ҳунар ва синфхонаҳои иловагӣ, корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳанатарош, майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва меҳмонхона ба анҷом расидааст.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ҳоло зиёда аз 5 ҳазор буда, 85 фоизи онҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияро барои истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ, дар ин замина ҷоннок кардани фаъолияти соҳаҳои саноати коркард, сабук, алалхусус, корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ, коркарди мева, аз ҷумла меваҳои табиӣ, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав ҳидоят карданд.

Қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба соҳаи чорводорӣ рост меояд ва тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, инчунин бо истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Табиати нотакрори ноҳия барои ҷалби сайёҳон хеле созгор аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо дарназардошти мавҷуд будани неъматҳои фаровони моддӣ ва рушди сайёҳӣ аз имкониятҳо барои рушду пешрафти ноҳия ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ самаранок истифода баранд.

Баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳими мамлакат, махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ аз имрӯз сар карда, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охир бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни умумимиллӣ табрик гуфта, онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлтии Тоҷикистон, дар ҳаёт татбиқ сохтани қонунҳои миллии ҷумҳурӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими расму оин дар Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар” ҳидоят карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонону собиқадорон баромад карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1590
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1590
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60653
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:83055
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2160153

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?