Матни равон

Ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТИмрӯз, 21-уми июл дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ ширкат намуданд.

Чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи рӯзномаи аввал «Ҳисобот доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 ва вазифаҳо барои шаш моҳи минбаъда» раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова баромад кард.

Дар ин давра Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрию мулоқотҳо гузаронида ҳадафҳои ҷудогонаи ин санади муҳимро шарҳ доданд. То 1 июли соли 2015  2089 нафар аъзои ҲХДТ ба қайд гирифта шудааст. 35 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дорад. Ташкилотҳои ибтидоии ҶМ ТКММ Апрелевка», ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон»,  ҶСШК «Ширкати кӯҳи – саноатии Тоҷикистону Хитой», «Сахо и К», беморхонаи шаҳраки Консой, Маркази тарбиявӣ, НБО-и «Дӯстии халқҳо», Ориёнбонк, Амонатбонк, Шабакаҳои барқии Суғд, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», беморхонаи шаҳраки Адрамон ва Ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон, Адрасмон, Консой фаъолияташон хуб роҳандозӣ гардидааст.

Ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ-Баробари дастовардҳо, -афзуд раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Каромат Қосимова, -дар фаъолияти корӣ як қатор масъалаҳои ҳалталаб мавҷуд аст. Аз ҷумла, қабули аъзонён ба сафи ҳизб дар баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 115 нафар ба узвияти ҳизб қабул ва 2 ташкилоти нави  ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Сипас, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Зафарҷон Исломов, ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» Абдумалик Содиқов, НБО-и «Дӯстии халқҳо» Аброр Баҳриддинов  ва Ҷамоати шаҳраки Консой Мунира Халилова ба музокира баромаданд.

Доир ба масъалаҳои тасдиқи нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми сол, таъсиси ситоди «Обуна-2016» ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар суханронии худ қайд кард, ки аз гузориши ҳисоботӣ тавре возеҳ гардид дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тадбирҳои зиёде аз ҷониби ҳизбиён ба сомон расонида шудааст. Мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» мебошад, аз ин лиҳоз моро зарур аст, - таъкид дошт Раиси шаҳр, - саъй баҳри саодати халқро дар мадди аввал гузошта, дар татбиқи сиёсати халқпарваронаи Сарвари муаззам, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз дошта бошем.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Абдунабӣ Сангинов низ андешаҳои хешро оид ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Қайроққум дар шаш моҳи сипаригардида иброз дошт ва ба фаъолони ҲХДТ Матлубахон Амонзода, Бахтиёр Маҷидов ва Каромат Қосимова медали ҷашнии «20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро дар вазъияти тантанавӣ супорид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1786
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17132
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41135
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199890

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?