Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ буда, тамоми дигаргуниҳои ҷомеа дар он инъикос меёбад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанӯз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиносии мо равона гашта,  аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо мурури замон, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5-уми октябри соли 2009  қабул гардид.

Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чӣ дар гузашта ва чӣ дар рӯзҳои мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонии худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон - давлати Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хоса дошт. Боз як нукта ҷолиби зикр аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён дар тӯли чандин аср сарфи назар аз он ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик, забони тоҷикӣ бо вуҷуди кашмакашҳои хунин давр мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт.

Боиси ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида, мавқеи байналмилалии кишварамон дар ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барӯмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем. Вобаста ба ин, Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, Фарҳанг ва тамаддуни кӯҳанбунёди халқҳо мебошанд, ки моро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд.

Бо самимият ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиву пирӯзиҳо таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1496
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13909
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92296
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632141

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?