Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи фаъолон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 маърўзаи муфассал намуд. Зикр гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба қисми даромади буҷети давлатӣ 105,8 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ ба маблағи 31,6 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 408 миллиону 779 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз 32 корхонаи саноатии шаҳр 22-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 2 маротиба зиёд расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр бо 22 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуда, маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 128 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳамчунин, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 23 миллион доллар баробар буда, фарқияти содирот аз воридот 5,6 маротиба зиёд шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳ сехи парвариши чўҷа бо иқтидори 3000 сар дар як сол бо ташкил 8 ҷойи корӣ ва коргоҳ оид ба истеҳсоли арматура ҶДММ “Маҳмуд и Компания” ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин боз се корхонаҳои саноатии дигар: ҶДММ “Висол 2010”, ҶДММ “Ноқилҳои Суғд” ва ҶДММ “Ганҷи Сомон” ба рўйхати корхонаҳои саноатӣ дохил гардиданд. Дар ин давра ҶДММ “Висол 2010” дар ҳаҷми 34,3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, ҶДММ “Ноқилҳои Суғд” 383,0 км кабелҳо ва ҶДММ “Ганҷи Сомон” 11,4 ҳазор тонна комбикорм ва хўроки хушки чорво истеҳсол намудаанд. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 27,1 фоизро ташкил дод. Музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноати шаҳр ба 2796 сомонӣ буда, аз ҳамин давраи соли гузашта 308,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Ба иқтисодиёти шаҳр дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 443,1 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 422,6 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 20,5 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмўъ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи 203,3 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. То ба имрўз тибқи нақша ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 120 иншоот ба маблағи 264,9 миллион сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардидааст, ки баробари 66,6 фисади нақша мебошад.

Дар ин давра ифтитоҳи панҷ иншооти ҷашнӣ: кўдакистони “Парасту”, Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи арматурабарорӣ, татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» ва майдони Нишони давлати бо гулгашт бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқўъ пайвастанд.

Шумораи шаҳрвандони машғули кор 9410 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 997 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар он 151 корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 1361 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд. Дар маърӯза инчунин паҳлуҳои дигари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мавриди таҳлил қарор гирифта шуд.

Дар музокираи масъалаи асосӣ раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматзода, раиси ҷамоати Консой Баҳодур Абдукаримзода иштирок карданд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз намояндаи нозироти андоз, мудири бахши энергетика ва саноат, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори шабакаи барқ, хоҷагии коммуналӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, масъулини соҳаи иҷтимоӣ пурсиш ба амал оварда, нисбати фаъолияти бархе аз ин идораҳо изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки корро дар самти иҷрои вазифаҳояшон вусъат дода, иҷрои супоришҳо саривақтӣ таъмин карда шаванд. Зикр карда шуд, ки бояд корҳо дар ҳамаи самтҳо тавсеа ёфта, натиҷа ва нишондиҳандаҳо тибқи талабот барзиёд ба иҷро расонида шаванд.

Дар кори ҷаласаи фаъолон муовини роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2210
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2210
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18877
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58846
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81381
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2239727

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?