18 Август 2015
18 августи соли равон машварати кории назди Раиси шаҳр доир гашт. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода машваратро оғоз ва ҳозиринро бо роҳбари нави дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Каримов шиносо кард. Доири омодагӣ ба соли нави хониш ва зимистони соли 2015-2016 мудири шӯъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров гузориш дод.
Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи масъулини шӯъбаи маориф, Ҷамоати шаҳракҳоро баҳри ҳалли норасоиҳои мавҷуда ҷалб намуда, баҳри ҳар чӣ зудтар соз кардани ноқилҳои барқӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо қувваи барқӣ доимӣ дар фасли зимистон, захираи кофии ҳезуму ангишт, навкунии шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳо, таъмири майдончаҳои варзишӣ ва амсоли инҳо супоришҳои мушаххас дод.
Қайд гардид, ки саҳни бинои МТМУ-и №8 таъмирталаб буда, даромадгоҳи муассисаҳои таълимии шаҳраки Адрасмон ба партовгоҳ мубаддал ёфтааст. Фаъолияти хуби дабистони рақамҳои 2 ва 3 оиди омодагӣ ба соли нави таҳсл ва зимистонгузаронӣ шоёни ибрат мебошад.
-Имрӯз чунин усули корбарӣ боиси қаноатмандӣ нест, - зикр дошт Раиси шаҳр, - аз ин лиҳоз масъулинро зарур аст баҳри рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Сармутахассиси бахши умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандон Шарифа Отаҷонова оид ба ирсоли саривақтии гузоришу пешниҳод ба сохторҳои болоӣ, таъмини иҷрои қарорҳои Раиси шаҳр дар мӯҳлати муайянгардида ва қонеъ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон муфассал баромад намуд.
Ба қабули шаҳрвандон, шунидани арзу шикоят ва дархости онҳо аҳамият ва таваҷҷуҳи хоса доданро дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» бо ҳузурдоштагони ҷаласа Раиси шаҳр дастур дод.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи андоз, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, вазъи пардохти қувваи барқ ва эътибори ҷиддӣ ба маъракаи «Обуна-2016» низ Раиси шаҳр ба масъулини соҳаҳо супоришу дастурҳои мушаххас дод.