Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосия бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар ибтидо бо таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти қудратӣ вакилон ва даъватшавандагонро шинос намуда, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода ва сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Лутфулло Иззатовро муаррифӣ карда, ба фаъолияти онҳо комёбиҳо таманно намуд.

Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2014, таҳти рақами 21 “Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2019” дар шаҳри Гулистон маърӯза намуд. Зикр гардид, ки зарурати асосии таҳияи Барнома ҷорӣ намудани тағйироти куллӣ ва сифатан нав дар самти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва интизориҳои имрўзаи ҷомеа оид ба сода намудани раванди дастрасии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасониҳои дахлдори давлатӣ дар соҳаи мазкур мебошад. Барномаи зикршуда назари навро оид ба ташаккули мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмили сохтори соҳа ва ҳамкориҳои дахлдори байниидоравӣ, инчунин беҳтар намудани сифати бақайдгирии давлатии амалиётҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро дар соҳа пешниҳод менамояд. Дар Барнома тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд. Таҷрибаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ ҷиҳати татбиқи амалии тадбирҳои дар боло зикргардида, ба он мусоидат менамояд, ки дар ояндаи миёнамўҳлат ҳаҷми хароҷоти буҷетӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳаҷми хароҷоти шаҳрвандон барои қабул ва истифодаи ин хизматрасониҳо ба таври назаррас кам мегардад.

Вакилон Сафар Нурматзода аз ҳавзаи интихоботии «Гулдара”», № 20 ва Шаҳло Шарифова раиси ҷамоати шаҳраки Зарнисор роҷеъ ба масъалаи асосӣ ба музокира баромаданд.

Сипас раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ Бахтиёр Маҷидов вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғалаба», № 25 доир ба фаъолияти комиссия суханронӣ кард. Вакилон инчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Кўҳкан», №26 Рустам Сафаровро доир ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ шуниданд.

Дар фарҷоми кори иҷлосия вакилон қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Гулистонро вобаста ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун тасдиқ намуданд.

Доир ба масъалаҳои дар иҷлосия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар кори иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) пӯшида эълон гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1221
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3021
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13607
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20472
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63819
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85391
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2330091

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?