Матни равон

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 29-уми октябри соли 2019 Конференсияи XXIII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид.

Дар кори Конференсия Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Аминҷон Шарифзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Бахтиёр Маҷидов, аъзои Раёсати кумиҷроия шаҳрӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" ширкат варзиданд.

Дар Конференсия панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ҳисоботи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар давраи аз моҳи июни соли 2017 то октябри соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд. Зикр гардид, фаъолияти 2,5 солаи Кумиҷроияи шаҳрӣ бомаром ба роҳ монда шуда, дар ин давра теъдоди ташкилотҳои ҳизбӣ 5 адад ва шумораи аъзои  ҲХДТ дар шаҳр беш аз 652 нафар афзуд, аз онҳо 337 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Алҳол теъдоди аъзои ҳизб дар шаҳр 4226 нафарро ташкил медиҳад.

Дар музокираи маърӯзаи ҳисоботӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов, «ЭКГҚ» Ғуфрон Абдуллоев, «Қолинҳои Қайроққум» Абдумуталиб Абдуллоев иштирок намуда, фаъолияти кумиҷроияи шаҳриро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дар суханронии худ зикр карданд, ки мақому манзалат ва шуҳрати намоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ташаббусҳои роҳбарияти он сарчашма гирифта, рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комёбу муваффақ гардонад. Дар ин замина, бояд зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи Оиннома ва Барномаи худ дар ҳудуди шаҳри Гулистон фаъолият бомаром дорад, баҳри тараққиёт ва инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр нақш ва саҳми арзанда дорад.

Дар интиҳои Конференсияи XXIII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон барои дастовардҳои арзанда, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ аъзои пешқадами ташкилотҳои ибтидоӣ ва собиқадорони ҳизб бо медали ҷашнии ҲХДТ, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаҳои иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин 9 нафар мутахассисони ҷавону умедбахш, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр фаъолият доранд ба сафи ҲХДТ қабул карда шуда, ба онҳо тантанавор шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3346
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10768
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89155
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629000

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?