Матни равон

Имрӯзҳо сокинони мамлакат барои сазовор таҷлил намудани 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба истилоҳи Пешвои муаззами миллат “қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат” мебошад, омодагӣ мегиранд.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон гурӯҳи тарғиботчиён дар тамоми муассисаву ташкилот, ҷамоати шаҳракҳо, корхонаҳо мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, доир ба ин санади сарнавиштсози миллату давлати соҳибистиқлол баромадҳо мекунанд.

Чунин мулоқот дар муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Гулистон доир гардид. Мудири бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Саидахон Аҳмадзода, устодони муассисаи таълимӣ Зебунисо Абдуҷабборова, Рашод Бақоев доир ба моҳият, мақом ва арзиши қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти олии динӣ ва илмӣ сарчашма гирифта, тавъам ба фармудаҳои бузургони илму фалсафа мебошад. Аз ҷумла, мутафаккирон шаҳрвандонро таъкид намудаанд, ки инсон дар ҷамъияти инсонӣ зиста, озодии худро танҳо ҳамон вақт таъмин карда метавонад, ки агар худ итоатгари қонунҳои ҷамъият бошад. Фармудаҳои мутафаккирон ифодаи худро дар принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, чун масъулияти дуҷонибаи давлату шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун, ки дар Конститутсия таҷассум ёфтааст, пайдо намудаанд.

Дар фароварди мулоқот тазаккур дода шуд, ки Конститутсияи мамлакат бо мақсади таъмини зиндагии шоиста ва сазовори ҷомеаи дунявӣ қабул гардида, то кадом дараҷа дар ҳаёти ҳаррӯза амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизому самараноки мақомоти давлатӣ, инчунин ба рафтор, кирдор ва тарбияи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварамон вобастагии қавӣ дорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1659
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8862
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:19667
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7752057

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?