Матни равон

Арзёбии холис кофист то моҳияти ин сафарҳо ошкор гардад

Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалҳои байни давлати ки фарогири самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роҳандози шуда, мавриди омўзиш қарор гирифта баъдан тавассути сафарҳои кори ва вохуриҳои сарони давлатҳо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд. Дар замони истиқлолият ки Тоҷикистон ба ҳайси субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуд ва равобити муносибатҳои дипломатиро ба кишварҳои гуногцни ҷаҳон ба роҳ монд. Дар шароити имрўзаи ҷаҳони ҳеҷ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварҳои дигари олам дар танҳои масоили иқтисодиву иҷтимои ва сиёсиву фарҳангии хешро анҷом диҳад. Имрўз ҷомеаи ҷаҳони дар равобити мутақобилаи ҳамешаги байни субъектҳои он қарор дорад. Ҳатто абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳон дар робитаву муносибат аз лиҳози иқтисмои, фарҳанги ва иҷтимои бо кишварҳои дигари ҷаҳон қарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатҳо дар чорчубаи созишномаҳо ва меморандиумҳои ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷониба, ки зимни вохурии сарони давлатҳо ба тавсиб мерасад, амали карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ки имрўз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонҳои минтақави аз қабили ИДМ, СҲШ, СПАД, САҲА ба созмонҳои ҷаҳони аз қабили СММ ва зери сохторҳои он дар робитаи ҳамешаги қарор дорад ва бо онҳо созишномаҳои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онҳо то ҳанўз баҳрабардори менамоянд. Сафарҳои Президенти кишвар ҷиҳатҳои муҳими иқтисодию сиёси ва иҷтимоию маънавиро дар бар мегирад. Аҳамияти ин сафарҳоро метавон ба тарзи зайл дастабанди намуд.

  1. Ин сафарҳо дорои аҳамияти иқтисоди буда, зимни онҳо созишномаҳои тарафайн ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисоди аз ҷумла таъсис додани корхонаҳо ё филиали корхонаҳо, ворид намудани технологияи навин, сармоягузори дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимои, бозорёби, тиҷорат ва амсоли инро дар бар мегиранд, ки имкон медиҳанд минбаъд як пешрафти куллие дар ин самт ба вуҷуд ояд.
  2. Ҷиҳати сиёси зимни мулоқотҳо, гуфтушунидҳо ва вохурии сарони давлатҳо бори дигар сиёсати хориҷии кишвар муайян гардида, мустақилияти кишвар ва тасмимгириҳои сиёсии он ҷиҳати робита ва муносибат ба кишварҳои дигар муайян мегардад. Ҳамчунин манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон муайян гардида зимни табодули афкор ва бастани шарномаҳо онҳо ҳамчун меҳвар қарор гирифта симои сиёсати дохили ва хориҷии Тоҷикистонро муаяйн месозанд.
  3. Табодули фарҳанги сурат гирифта робитаҳои фарҳангии қави мегарданд ва бо фарҳанг, дастовардҳо, таърих, ҷойгоҳ, таъсиргузори, арзишҳои кишварҳои мутақобила, ошнои  пайдо менамоянд. Дар ин замина бахши ҷаҳонгардиву сайёҳи рушд намуда таъриху осори кишварҳои гуногун муаррифи мегарданд.
  4. Ин сафарҳо метавонанд кишварро муаррифи намуда таърих, арзишҳо, фарҳанг, мавқеи ҷойгиршави, захираҳои табии, имкониятҳои рушд, дурнамои рушд, қонунгузори, шакли давлат ва амсоли инро муаррифи намоянд. Дар аксари ин сафарҳо мулоқоти роҳбари давлат ба тоҷирони сармоягузорони кишвари мизбон сурат мегирад,ки зимни он имкониятҳои кишвар дар самти иқтисоди дар шакли лоиҳаҳои ифодагари манфиатҳои тарафайн муаррифи мегарданд.Ҳамин аст,ки тайи 28 соли ахир зимни сафарҳои Сарвари давлат Тоҷикистон муаррифи гардида  имкониятҳои он ва таъриху фарҳанги моро кишварҳои гуногун шинохтанд ва пазируфтанд.
  5. Аҳамияти таҷрибавиву бозомўзи доранд. Мусаллам аст, ки зимни сафарҳои сарвари давлат ҳайатҳои муайян аз бахшҳои гуногуни  ниҳодҳои иҷтимои аз қабили ниҳодҳои иқтисоди омўзишу парвариш, илм, тандурусти, амнияти ва дигар соҳот ҷалб мешаванд, ки зимни ин сафарҳо вобаста аз самти хеш таҷрибаи наверо аз худ мекунанд, ки онро метавонанд, минбаъд дар раванди кори хеш дар ниҳоде, ки ба он роҳбари мекунанд, истифода намоянд.  Ҳамчунин дар рафти ин сафарҳо мавқеи кишвари мизбон аз рўи шохисҳои иқтисодию иҷтимои  муайян гардида роҳҳо ва шеваҳои рушди он ва то ба дараҷаи ҳозира омада расидани он мавриди омўзиш қарор мегиранд, ки мо минбаъд таҷрибаи онҳоро низ вобаста аз вазъиятҳо ва тайёр будани кишварамон аз лиҳози маънавию иқтисоди метавонем онро дар кишварамон татбиқ намоем.
  6. Аҳамияти маънавию ҷаҳонбини доранд. Пеш аз ҳама ин сафарҳо ба ҳар кишвари мавриди назар аз лиҳози таърих маънавиёт, фарҳанг, арзишҳо, зинаҳои рушд, тарзи давлатдори, сатҳи илму фарҳанг, дастовардҳои навини илмию фанновари, ҳайатҳои ширкатварзро таъсиргузор буда ҷаҳонбини ва маънавиёти онҳоро доир ба кишварҳои мавриди назар роҳи рушди онҳо таҷрибаю таърих, бовару эътиқод, дараҷаи ташаккули иҷтимои, дидгоҳҳои сиёсию иҷтимои, мардумсолори ва амсоли ин дигар мекунанд.

 

Вобаста ба куллиёти аҳамияти сафарҳои сарвари давлат ба хориҷи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориҷи кишвар ба сиёҳ кардани давлату миллат машѓуланд ва дар тамоми фаолияти хеш ҳеҷ амали хуберо барои пешрафти кишвар анҷом надодаанд, аз рўи ѓаразу кина ин сафарҳоро як амалҳои беарзиш унвон мекунанд. Инҳо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиқлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварҳои минтақаву ҷаҳон доштем равобиту муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоиямон ба кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар чи поя буд ва имрўз дар чи поя қарор дорад ва то чи андоза  ин сафарҳо аз лиҳози иқтисодиву сиёси ва иҷтимоиву фарҳанги ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоҳад шуд. Танҳо зарур аст ѓаразҳоро канор гузорем ва таҳлилҳоро холисона барраси намоем, он гоҳ хоҳем дарк кард, ки ин сафарҳо воқеан барои миллат ва мардуми кишвар ниҳоятан сермаҳсул будаанд.

 

Эҳсони Илҳом

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3366
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3313
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19002
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21043
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22130
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:89571
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2377973

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?