Матни равон

Пешравиву тараққиёт ва оромиву тинҷии Тоҷикистонро наҳзатиҳои саркӯбшудаву шармандашуда ва паймонбастагони навбаромад - хоинони Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ангезаи худ сиёҳ кардани мешаванду ҳар гуна андешаҳои ғаразноки худро ба мардум гӯшрас месозанд. Зеро чашми бадбин ва зоҳири пурғараз доранду амалашон бар зидди рушду камоли миллати тоҷик равона карда шудааст.

Дар ҷараёни сафари навбатии кории Пешвои муаззами миллат ба давлатҳои Аврупо, аз ҷумла иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО, ки дар қароргоҳи давлати Франсия шаҳри Париҷ қарор дорад, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, гурӯҳе аз бо ном мухолифин, намояндагони “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба таври худ шарҳ доданд.

Вале ҳадафҳои пурғарази онҳо ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд. Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Одри Азуле ба Пешвои миллат барои ташаббусҳои созанда изҳори миннатдориву қаноатмандӣ карда, иброз дошт,  ки маҳз бо азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда баромад намуда, барои қабули аксар барномаву стратегияҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи калидӣ пайдо кард. Аз ҷумла, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028.

Аммо хоинони давлату миллат, ки ба ягон арзиши умумибашарӣ ва мазҳабиву динӣ имон надоранд, ин ташаббусҳои созанда мисли тир ба саги дайдуи девонагашта расидааст, ки ин қадар доду фиғон доранд. Дар урфият мегӯянд, ки саг аккос дорад ва корвон ба роҳи худ мегузарад. Шояд ба чунин ашхоси манфур ҷавоб гуфтан лоиқ ва ҳоҷат ҳам набошад?

Вале мусаллам аст, ки ба ин турфа душманони миллат ҷавоби сазовор бояд дод. Ба ҳар хоину ватанфурӯше, ки баҳри халалдорсозии ҷомеа мекӯшад, бояд бо сухану амали худ ҷавоби сазовору шоиста диҳем, то бидонанд, ки ҷомеаи имрӯзаи тоҷик дигар ба васвасабозиҳои наҳзатиён фирефта нахоҳад шуд. То бидонанд, ки халқи тоҷик имон, фарҳангу тамаддуни бостонӣ дорад ва баҳри ҳимояи нангу номуси Ватани азиз сипари боэътимод мебошад.

Наргиса Бердиева
раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:386
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1889
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2275
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11191
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7743581

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?