Матни равон

Дар шаҳри Гулистон конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди имконияти сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ” баргузор гардид.

Конференсияро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни онро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода табрик намуд.

Тазаккур дода шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ буда, Ҳукумати мамлакат ба рушди он таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Дар ин замина, бо мақсади рушди соҳа, муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Зеро рушди соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, кишоварзӣ, нақши арзанда дорад.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020, нақшаи чорабиниҳоро  қабул ва ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд. Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасониро мусоидат намояд.

Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маҳбуба Шодизода дар мавзӯи “Имкониятҳои мусоиди ҷалби сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон”, директори Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи сайёҳии Зарафшон Ҷамшед Юсупов оид ба “Имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд”, сармуҳосиби осоишгоҳи Баҳористон Муродҷон Нарзиев роҷеъ ба “Имкониятҳо ва сатҳи хизматрасонӣ дар осоишгоҳи Баҳористон”, сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раъно Сидиқова дар мавзӯи “Раванди омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати пешниҳоди сатҳи касбии хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ”, масъули рушди соҳаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Наргис Ӯрунова оид ба “Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Гулистон ва заминаҳои рушд” ва директори маҷаллаи “Тоҷикистон Гайд” Нилуфар Умарова  сухан ронданд.

Дар кори конференсия муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва мудири бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1105
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3563
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18048
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25639
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50609
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:105295
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3240500

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?