Матни равон

Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Сайидюнуси Истаравшанӣ барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода, ҳар гуна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллук надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат нисбати халқ мекунанд нобахшиданист.

Ин шахсиятҳо бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоханд. Ин душманони дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда тавассути ҲНИ мехоҳанд дар минтақа вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд.

Ин хоинони миллати тоҷик бояд дар маҳбасхонаҳо пӯсида раванд. Солҳои 1992 то солҳои 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез рух дода буд. Дар ин чанги бародаркуш садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро барои хоинони миллати тоҷик бохтаанд.

Сабабгори ҳамаи ин бесарусомониҳо ҲНИ буд, ки имрӯз низ мехоҳанд вокеан солҳои сипаригаштаи хунрезиҳоро бар гардонанд.

Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаистодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем то Ватани мо боз хам ободу зебо гардад.

Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо дубора хор нахоҳем кард ва мо аз давлати демократии худ ифтихор мекунем.

Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Нақшаҳои баде ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Шоҳиди ин ҳарфҳои мо  28 соли пурбори соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Дар тӯли ин солҳо мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Имрӯз кишвари мо бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад.  Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Имрӯз дар ҷаҳон чандин миллатҳое вуҷуд доранд, ки соҳиби давлат, забон, марзу бум, парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон ба боди фаромӯшӣ рафтааст. Дар баробари ин имрӯз давлатҳои ҷангзадае ҳастанд ба мисли Афғонистон – ки ба сулҳу субот, Истиқлолият ва осоиштагии миллати тоҷик ҳавас доранд, Сурия, Фаластин, Ироқ ва монанди инҳо, ки имрӯз шаҳрвандони онҳо дар шароити ғайриинсонӣ бо азобу машаққатҳои зиёд ва пур аз хатару таҳлука умр ба сар мебаранд. Фарзандонашон аз илму маърифат дур монда бо яъсу ноумедӣ ба воя мерасанд, хеле дилгир шудаанд. Ин давлатҳо тинҷиву осоиштагиро баҳри худ чун обу ҳаво зарур мешуморанд ва бар он нохалафҳое ки онҳоро ба ин рӯз расониданд ҳазорҳо лаънат мегӯянд. Мардуми азиятдидаи тоҷик, ки маротибае ин рӯзҳои пуртаҳлукаро аз сар гузаронидаанд ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад. Аз ин рӯ мо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол баҳри рушду нумӯи кишвар ва ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста намегузорем, ки афроде ба ин рӯзгори пурсаодати халқ  нохушӣ орад.

Фаридуншоҳ Абдуллоев,
сармутахассиси МДРИ-и назди шуъбаи
маорифи шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5563
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20061
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:76139
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7718059

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?