Матни равон

Чанде қабл сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо сурат гирифта буд. Сарвари кишвар дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии Юнеско, ки дар шаҳри Париж доир ба мавзӯи тағйирёбии иқлим баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Азму талошҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба ҳаллу фасли проблемаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ шоистаи зикру таҳсин аст. Маҳз ҳамин саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  имижи сиёсии Тоҷикистон рӯз то рӯз боло меравад ва обрӯю эътибораш дар ҳоли афзоишу густариш аст. Аз ин мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор менамоем, ки бо чунин нишасту суханрониҳои созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ кишвари моро муаррифӣ менамоянд, ки аз ин ҷомеаи ҷаҳонӣ моро эътироф ва ба кишварамон эътимод мекунад. Дигар ин ки бо баргузории чунин нишаст ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷа  дучанд гашта, иқтисодиёти Тоҷикистон боло меравад.

Ҷойи он ки баъзе аз ҳамватанони мо (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) аз ҳамаи ин изҳори шодмонӣ намоянд, хориҷ аз кишвар, ки ин тоифаро метавон хиёнатпешаву гумроҳ номид, бо фармону сармояи хоҷагони берунӣ санги хамоқат ба Тоҷикистону ҳамватанони хеш мезананд.

Ҷойи он ки ба Ватан баргашта паҳлу ба паҳлуи мо дар ободиву сарсабзии кишвар саҳм гузоштан, аз дур истода бо буҳтону иғвоангезӣ машғул мешаванд.

Аламовар аст, ки онҳо мақсадҳои нопоки худро зери ниқоби дини ислом роҳандозӣ намуда, бо ин роҳ ба ислом иснод меоранд. Ба ин гуна инсонҳо мафҳумҳои ислом, мазҳаб, Ватан ва миллат ҳеҷ арзише надорад. Онҳо барои расидан ба аҳдофи хешу барномаҳои хоҷагонашон аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи ин афрод ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-и ноҳияи Темурмалик гувоҳи гуфтаҳои болост.

Кадоме аз шумоён, ки худро “ҳоми”-и дини ислом мепиндоред, боре дар ҳимоя ва пуштибонии мусулмонони сайёра садо баланд кардаед? Дини ислом барои шумоён як ниқоберо мемонад, ки Шумо зери он даромада, ниятҳои ғаразноки худро пиёда месозед. Ҳофизи “лисон-ул-ғайб” аъмоли чунин зоҳирпарастонро дида, дар замонаш садо баланд карда буд:

Гар мусалмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,

Оҳ агар аз пайи имрӯз бувад, фардое.

Кадоме аз шумо ва дигар роҳбарони давлатҳои исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз дини ислом ҳимоя кардаед?

Магар Президенти мо набуданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари терроризм ва экстремизм чанд даҳсола пеш дар мисоли кишварҳои Афғонистон огоҳ намуда, гӯшзад сохт, ки дини мубини ислом ба терроризм рабте надорад. Терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад. Бо ин изҳороти ҷавонмардона Эмомалӣ Раҳмон номи худро дар радифи сад фарди беҳтарини мусалмони дунё сабт намуданд.

Мардуми Тоҷикистон гавҳаршинос буда, ба хидматҳои фарзандони фарзонааш аҷр мегузорад ва ба афсонаю иғвоҳою туҳматбозии “Шумоён” – “паймончиҳо” ҳеҷ гоҳ фирефта намешавад. Гуфтору кирдори шумо яксон нест. Амали шумоён ҳамон як панди бузургеро ба ёд меорад:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ  ин аст.

Расулзода Абдумалики Нодирпур,
директори МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4062
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8440
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64518
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7706438

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?