Матни равон

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!

Ҳар сол 22-юми декабр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо иди касбии кормандони соҳаи барқ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика ботантана таҷлил мегардад.

Ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва давлати соҳибистиқлол мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар раванди ин таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда оғоз гардида,  ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар, ҳамзамон чун шаҳри барқчиён низ муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» 596,8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст.

Зикр бояд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат созишномаи қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва тағйирёбии иқлим тасдиқ гардидааст. 23-юми августи соли 2019 Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Татбиқи пурраи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 киловатаи  неругоҳ ва таъмиру барқарорсози ииншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт то наздики 30 ва дар маҷмӯъ тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Итминони комил дорам, ки соли равонро барқчиёни шаҳри Гулистон бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст намуда, вазифаҳои худро оид ба таъмини нерӯи барқ бошарафона иҷро карда ва барои рушду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Тамоми кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро бо иди хуҷастаи касбӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои меҳнатӣ орзу менамоям.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1496
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1889
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1496
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12301
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7744691

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?