24 Декабр 2019
Беш аз 3 ҳазор нафар омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, муаллимону толибилмони муассисаҳои таълимии маркази шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон падидаҳои экстремизму терроризмро маҳкум менамоем!” дар кӯчаи асосии маркази шаҳр аз шафати майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони бинои шуъбаи маорифи шаҳр дар даст шиору овезаҳои “Нест бод, ифротгароӣ!”, “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!”, Терроризм - вабои аср!”, “Терроризм ва экстремизм – падидаҳои хатарафзо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ!” роҳпаймоӣ намуданд.
Дар майдони шафати бинои шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъомади ҷавонони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” бо иштироки аъзои иттифоқи ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳр баргузор гардид.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Саидахон Аҳмадзода ҷамъомади ҷавононро ифтитоҳ бахшид. Сипас ҷавонон Аҳлиддин Абдураҳмонов, Самандар Ҷамолиддинов ва Парвина Олимова суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки беш аз 16 ҳазор ҷавонони шаҳри Гулистон падидаҳои номатлуби ҷомеаро, аз қабили ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм сахт маҳкум менамоянд. Ифротгароён аслан дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бисёртар ҷавононро гумроҳ менамоянд, зеро барои онҳо модар, Ватан, пайвандону наздикон ва арзишҳои миллӣ барин муқаддасот вуҷуд надорад. Хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар аъмоли зишту хиёнаткоронаеро мехоҳанд амалӣ гардонанд, махсусан айёми баргузории иду ҷашнҳои миллӣ ба нақша мегиранд.
Аз ҷумла амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин 4-уми сентябри соли 2015 дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аъмоли разилонаву хоинонаи чанд тан аз наҳзатиён дар мавриди ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар рӯзи таҷлил аз 25-умин солгарди Конститутсияи кишвар ва монанди ин шаҳодати гуфтаҳои болоист.
Ҷавонон чунин амалҳои ноҷавонмардонаи душманони миллату давлати соҳибистиқлолро шадидан маҳкум карда, садоқат ва тафохури худро аз Ватани озоду обод, сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб баён намуданд.